Навъҳои анбори гумрукӣ
Зоҳир
Навъҳои анбори гумрукӣ - анбори гумрукӣ пӯшида ва кушода мешавад. Навъи анбори гумрукии кушода барои истифодаи ҳама гуна шахсон дастрас мебошад. Навъи анбори гумрукии пӯшида барои нигаҳдории моли шахсони муайян пешбинӣ гардидааст. Зарурати таъсис додани анбори гумрукии навъи пӯшида танҳо дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои кофӣ барои мувофиқи мақсад набудани таъсиси анбори гумрукии навъи кушода сурат мегирад. Анборҳои гумрукии навъи кушода ва пӯшида дар асоси литсензияи мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Анборҳои гумрукие, ки мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳанд, навъи кушода мебошанд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 318