Jump to content

Назарияи континуитет

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Назарияи континуитет - таълимоти паҳнгаштаи қарни XIX буд, ки мазмуни он новобаста аз тағйироти дохилӣ дар нигаҳдошти баробарию якзайлии соҳибҳуқуқии давлат дар бахши қаламрав ва аҳолӣ равона шудааст ва чунин ҳолат робитаи ногусастанӣ ва муттасилро бо амали шартномаи байналмилалӣ дар давлати мазкур дорад. Амалан назарияи континуитет ба он нигаронида шудааст, ки тамоми уҳдадориҳоеро, ки аз шартномаи байналмилалӣ ба вуҷуд омадаанд, давлати ҳуқуққабулкунанда ҳамчун ворис бояд иҷро намояд. Ин назария дар айни ҳол тарафдорони кам дорад, чунки қабул гаштани Конвенсия «Дар бораи ҳуқуққабулкунии давлат дар муносибат бо шартномаи байналмилалӣ» 23 августи соли 1978 мавқеи назарияи континуитетро дар таҷрибаи байналмилалӣ коҳиш дод ва иҷро кардани ҳамаи уҳдадориҳои шартномаи байналмилалиро барои давлатҳои нав ҳамчун ворис ҳатмӣ нашуморид.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 318