Jump to content

Назирии Нишопурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Назирии Нишопурӣ
Мирзо Муҳаммад Ҳусени Нишопурӣ
Номи пурра Мирзо Муҳаммад Ҳусени Нишопурӣ
Зодгоҳ: Нишопур
Таърихи даргузашт: 1021(1021)
Маҳалли даргузашт: Акбаробод
Шаҳрвандӣ: Эрон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: порсӣ

Муҳаммадҳусайн Назирии Нишопурӣ (форсӣ: محمدحسین نظیری نیشابوری‎; дарг. на дертар аз 1614, Аҳмадобод[1]) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мирзо Муҳаммад Ҳусени Нишопурӣ аз шоирони баландовозаи садаи даҳум ва аввали садаи ёздаҳум ҳиҷрӣ ба шумор меравад. Ҳарчанд ки ба тиҷорат машғул буд, аз айёми ҷавонӣ ба омӯзиши илму адаб пардохта, дар диёри хеш шоири тавоно гардид. Ба расми тиҷорат аз Хуросон ба Ироқу Озарбойҷон меравад. Кори Назир дар ин сафарҳо ба ҷуз бозаргонӣ муошират бо шоирон, сайқал додани маҳорати шеъргӯӣ ва иштирок дар маҳфилҳои адабӣ буд. Баъдан озими Ҳинд гардида, дар шаҳри Агра ба хидмати ҳокими он ҷо Абдураҳим мушарраф мешавад ва аввалин қасидаи мадҳиявиашро дар ситоиши ӯ сурудааст. Таърихи сафари Назирӣ ба Ҳинд байни солҳои 992-993-и ҳиҷрӣ рост меояд. Чанд муддат дар дарбори шоҳ Акбар ва писари ӯ адои вазифа намуда, онҳоро мадҳ намудааст. Чанде хидмати дарборро тарк намуда, ба зиёрати каъба меравад ва баъди бозгашт дар Акбарободи Гуҷарот сокин гардида, ба тиҷорат машғул мешавад. Дар дарбори Нуриддин Ҷаҳонгир (1014—1037) низ хидмат намудааст. Поёни умри шоир дар Акбаробод сипарӣ шудааст. Таърихи вафоти ӯро ба солҳои 1021, 1022, 1023 медонанд. Моддаи таърихҳое, ки дар соли вафоти ӯ сурудаанд монанди «зиндаёд ҳисонулҷам», соли 1021-ро собит мекунад. Озар дар «Оташкада» Назириро «алхақ шоири беназир» ва Амин Аҳмади Розӣ «аз беназирони замон» васф намудаанд.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Назирии Нишопурӣ девони ашъорашро худ соли 1020, яъне як сол пеш аз вафоташ танзим намуда, ба китобхонаи Хонхонон тақдим карда буд. Девони шоир шомили қасида, таркиббанд, ғазал, қитъа ва рубоист. Қасида ва таркиббандҳояш маъмулан дар ситоиши Худованд, наъти паямбар, мадҳи Хонхонон, шоҳ Акбару Ҷаҳонгир ва шоҳзодагони дигар аст. Дар маҷмӯъ девони Назирӣ аз 10 ҳазор байт иборат аст, ки 5 ҳазор байти онро ғазал ташкил медиҳад.

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мо ҳоли хеш бесару бепо навиштаем,
Рӯзи фироқро шаби ялдо навиштаем.
Қосид баҳуш бош, ки дар як ҷавоб,
Арзи ҳазор гуна таманно навиштаем.
Ширинтар аз ҳикояти мо нест қиссае,
Таърихи рӯзгор саропо навиштаем.
Рӯи накӯ муолиҷаи умри кӯтаҳ аст,
Ин нусха аз илоҷи Масеҳо навиштаем.
Таҳқиқи ҳоли мо зи нигаҳ метавон намуд,
Ҳарфе зи ҳоли хеш басе мо навиштаем.
Бар мо мусаллам аст, ки маншури ростӣ,
Бас вожгунтар аз хати тарсо навиштаем.
Мо аз хати пиёлаву маъшуқ нагзарем,
Дарси салоҳ то ба ҳамин ҷо навиштаем.
Ҳар ҷодуе, ки килки Назирӣ намудааст,
Худ кардаем ботилу худ вонавиштаем.
Дар ҳаҷри ту марг ҳамнишинам бодо,
Манзури ду дида остинам бодо.
Гар бе ту ба коми дил барорам нафасе,
Ё раб, нафаси бозпасинам бодо.

• Амин Аҳмади Розӣ. Ҳафт иқлим. -Теҳрон. Ҷ. 2, с. 275—282. • Балёнӣ, Авҳадӣ Тақиуддин Муҳамад ибни Муҳаммад. Арафот-ул- ошиқин ва арасот-ул-орифин. Нусхаи хаттӣ. • Забеуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷ. 5. Бахши 2.-Теҳрон, 1369. • Лутфалибеки Озар. Оташкада. — Теҳрон. С.711-738 • Назирии Нишопурӣ. Девон. Теҳрон, 1340. • Ризоқулихони Ҳидоят. Маҷмаъ-ул-фусаҳо. Чопи қадим. Ҷ. 2. • Тазкираи «Майхона». С. 780—800.