Назирҷон Турсунов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Назирҷон Турсунов
Назирҷон Очилович Турсунов
Таърихи таваллуд 12 август 1942(1942-08-12) (81 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДОЛ ба номи С. М. Киров (1964)

Назирҷон Очилович Турсунов (12 августи 1942, Ленинобод) — олим, муаррих-мардумшинос, доктори илмҳои таърих (1980), профессор (1981).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Назирҷон Турсунов факултаи таъриху филологияи ДДОЛ ба номи С. М. Кировро хатм кардааст (1964). Ассистенти кафедраи таърихи ДДОЛ (1964-66), аспиранти Пажухишгохи таърихи АИ ЧШС Тоҷикистон (1966-1969), сармуаллим, дотсент (1969-1973), корманди калони илмии кафедраи таърихи ДДОЛ, докторанти Пажухишгохи этнографияи АИ ИЧШС (1973-75), дотсент (1975-1980), профессори кафедраи таърихи ИҶШС (1981-1987), декани шуъбаи тайёркунии ДДОЛ ба номи С. М. Киров, профессор, мудири кафедраи таърихи Тоҷикистон ва услуби таълими таърих (1987-1991), профессор, мудири кафедраи таърих ва этнографияи халки тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1991-1997), муассис ва директори осорхонаи давлатии этнографии «Хонаи Эргашбой» дар ш. Хуҷанд (1997-1998), корманди калони илми, профессор-мушовири маркази илмии хуросоншиноси дар ш. Машхад (Эрон) (1998-99), профессори Департаменти фанҳои гуманитарии БХДТТ (1999), профессори кафедраи таърихи халки тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Гафуров (аз с.2001). Назирҷон Турсунов дар инкишофи илми этнографияи тоҷик сахми калон гузоштааст. Бо иштироки бевоситаи ӯ осорхонаи этнографи ва галереяи расмҳои дустдорони таърихи халки тоҷик кушода шуданд. Ташаббускори конфронсҳои якум ва дуюми илмии олимони мактабҳои оли ва АУ Тоҷикистон «Солонаи Б.Гафуров» (1989, 1991) мебошад. Муаллифи зиёда аз 10 монография, китобҳои дарси ва зиёда аз 400 маколаи илми, илми-оммавӣ, илми-методӣ доир ба масъалаҳои таърих ва этнографияи халки тоҷик, масъалаҳои таърихи халки тоҷик ва халкҳои Осиёи Марказӣ. Иштироккунандаи конфронсҳои байналмилалӣ (Машхад, 1998; Шероз, 1998; Бандар Аббос, 1999; Исфароин, 1999) ва хамоишхо аст. Дар Дехлӣ, Калкутта, Мумбай, Мадрас (Хиндустон), Коломбо (Шри-Ланка), Линколн, Ню-Йорк (ИМА) аз руи масъалаҳои таърих ва маданияти тоҷикон баромадҳои илмӣ кардааст.[1]

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо Ифтихорномаи Вазорати мактабҳои олии ИЧШС (1990) ва унвони Шахрванди фахрии иёлати Небраска (ИМА,1990) сарфароз гардонида шудааст[2].

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Из истории городского ремесла Сев. Таджикистана. — Д.,1974;
  • Шаҳри офтобӣ. — Д., 1989;
  • Развитие городских и сельских поселений Сев. Таджикистана в ЧVIII-начале ЧЧв. — Д., 1991;
  • Назирҷон Турсуни Хуҷандӣ. Истаравшан: ( Шарҳи мухтасари таърих ва маданияти халқ). Монография / Назирҷон Турсуни Хуҷандӣ. – Душанбе: Ирфон, 1992. – 208 с.
  • Асосҳои этнологияи тоҷик. — Хуҷанд,1993;
  • Таърихи тоҷикон. — Хуҷанд, 2001.
  • Таърихи халқи тоҷик. — Хуҷанд:Ношир, 2017.[3].

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]