Jump to content

Назорати давлатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Назорати давлатӣ - яке аз шаклҳои амалӣ гардондани ҳокимияти давлатӣ, ки риояи қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқии мақомоти давлатӣ баровардаро таъмин мекунад. Назорати давлатиро мақомоти гуногун амалӣ менамоянд. Ба таври анъанавӣ ваколати назоратӣ асосан ба парлумон тааллуқ доштанд, аммо дар давраи нав дар бисёр мамлакатҳо назорати давлатӣ сохторҳои ғайрипарлумонӣ, вале аз номи парлумон амалкунанда (масалан, падидаи омбудсманҳо, палатаи ҳисоббарорӣ) паҳн шуда амал мекунанд, шумора ва нақши мақомоти адлияи маъмурӣ низ афзуд. Дар ҳамаи давлатҳо ҳуқуқи васеи назорат ба вазоратҳои молия дода шудааст. Дар айни вақт дар ҳар як мамлакат низоми ба онҳо хос муқаррар гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло низоми мақомоти назорати давлатӣ аз инҳо иборат аст:

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 320