Jump to content

Назорати маъмурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Назорати маъмурӣ - низоми муносибатҳои байни ҳокимияти марказӣ ё минтакавии давлат ва маҳаллӣ ё худидора, ки дар он мақоми назоратӣ ҳуқуқ дорад дар суд қарори мақомоти худидораро, ки ба назари ӯ ғайриқонунианд, эътироз намояд.

Ба сифати мақомоти назоратӣ метавонанд вазоратҳо (мисол, дар Англия вазорати муҳити атроф), ё ки мансабдори махсуси ваколатдор (дар Полша-воеводаҳо, префект ва субпрефектҳо дар Фаронса, идоракунандаи вилоятҳо дар Булғория ва ғайра). Дар ҳадди общинаҳо ин вазифаро сардори маъмурияти маҳаллӣ, ки дар як вақт мақоми намояндагии худидораи маҳалро сардорӣ мекунад (масалан, дар Италия, Испания, Фаронса) иҷро мекунад. Шакли махсуси назорати маъмурӣ дар Ҳиндустон дар ҳадди аъзои федератсия татбиқ мешавад. Губернатори иёлот агар чунин шуморад, ки санади дар ҷаласаи қонунгузорӣ маъқул шуморидашуда баъди ба қонун табдил ёфтан, ваколати суди олии иёлотро маҳдуд мекунад ва бо ҳамин вазъи конститутсионии онро дар хатар мегузорад, метавонад санадро барои ҳаллу фасли Президенти Иттифоқ (воқеан-Ҳукумати марказӣ) нигоҳ дорад. Барои ба қувваи қонунӣ даромадани чунин санад ҳатто баъди такроран аз тарафи ҷаласаи қонунгузории иёлот қабул гардидан боз розигии Президенти Иттифоқ зарур аст (ниг. ба Васояти маъмурӣ, Худидоракунии маҳаллӣ, Идораи маҳаллӣ).[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 324