Назорати парлумонӣ аз болои фаъолияти Ҳукумат
Назорати парлумонӣ аз болои фаъолияти Ҳукумат - яке аз вазифаҳои анъанавии парлумон илова ба қонунгузорӣ ва молиявӣ мушоҳидаи фаъолияти сиёсӣ ва маъмурии Ҳукумат мебошад. Дар ҳолати норозигии парлумон аз ин фаъолият ё ихтилофи байни парлумон ва ҳукумат чунин назорат метавонад воситаҳои ҷавобгарии сиёсии ҳукумат гардад (изҳори нобоварӣ, қарори сарзаниш, истеҳзо). Назорати парлумонӣ аз болои фаъолияти Ҳукумат инчунин дар шаклҳое амалӣ гашта метавонад, ки ба истеъфои Ҳукумат сабаб нагардад (ташкили комиссияи тафттишотӣ, гузориши ҳар гуна ахбор, дархостҳо). Бо ихтиёри парлумон ҳар гуна воситаҳои масъулияти ҳуқуқии аъзои ҳукумат — импичментро татбиқ кардан мумкин аст. Назорати парлумонӣ ду шакл дошта метавонад: сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ки ду шакли гуногуии ҷавобгарӣ - мувофиқаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро дарбар гирифта метавонад. Онҳо бо роҳҳои гуногун ва дар мақомоти гуногун амалӣ мешаванд. Ҷавобгарии сиёсӣ дар назди парлумон, ҳуқуқӣ ҳамчун қоида, дар суд муайян карда мешавад. Дар натиҷаи ба ҷавобгарии сиёсӣ кашидан шахс аз мансаби худ маҳрум мешавад, ӯро ба истеъфо мебароранд. Дар натиҷаи ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ ҷалб кардан шахс аз вазифа дур карда мешавад ва мумкин аст ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1994 ҷавобгарии Ҳукуматро дар назди парлумон пешбинӣ намекунад (ниг. ба Назорати парлумонӣ).[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 325-326