Jump to content

Наиля Асфандиёрова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Наиля Асфандиёрова
Асфандиёрова Наиля Сайфуллоевна
Таърихи таваллуд 2 декабр 1951(1951-12-02) (73 сол)
Зодгоҳ шаҳри Душанбе
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб[d] (1989)

Асфандиёрова Наиля Сайфуллоевна (зод. 2 декабри 1951, Душанбе) — иммунолог, доктори илми тиб (1989), узви вобастаи АИ ҶТ (1991). ИДТТ ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кардааст (1974). Ординатори кафедраи терапияи госпиталии ҳамин институт (1974—1976). Корманди ИГЭ-и АИ ҶТ (1976—1977), аспиранти факултети тиббии Донишгоҳи давлатии Тарту (Эс­тония; 1977—1980), ходими хурд, калон, сарходими илмӣ (1980—1988) ва мудири лабораторияи иммунологияи Институти гастроэнторологияи АИ ҶТ (1988—1993). Ҳоло дотсенти ДДТ-и Рязан ба номи академик И. П. Пав­лов мебошад. Муаллифи тақрибан 150 асари илмӣ, 2 кашфиёт, 3 навоварӣ ва 3 дастури методист. Оид ба иммунология, бемориҳои ҷигар, таъсири шароб ба фаъолияти ҷигар, инчунин роҳҳои муолиҷаи бемориҳои музмини ҷигар пажӯҳишҳои муҳим анҷом дода­аст.[1]

  • Современная тактика терапии хронических диффузных поражений печени. Душанбе, 1988;
  • Лазерная терапия в комплексном лечении хронических диффузных поражений печени с использованием гелий — неонового лазера. Душанбе, 1988.
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.