Наим Турсунов
Наим Назарович Турсунов (тав. 09.05.1934, ноҳияи Айнӣ – ваф. 12.04.2004, ш. Душанбе), педагоги тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент (1965), профессор (1987).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1953 Техникуми тарбияи ҷисмонӣ, соли 1957 факултети тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1959–1961 аспиранти кафедраи педагогика ва психология, 1968–1971 муаллими калон, 1971–1977 дотсент ва мудири кафедраи равоншиносӣ, 1977–2004 профессори кафедраи равоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Муаллифи зиёда аз 180 корҳои илмӣ ва илмию методӣ, иштирокчии як қатор конференсияҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Оид ба намудҳои мухталифи варзиши миллӣ корҳои илмӣ бурдааст. Бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1985), «Аълочии мактабҳои олии ИҶШС» (1985), «Собиқадори тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон» (1990) ва «Собиқадори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Машқҳои гимнастика барои ҳама, Д., 1970;
- Чавгонбозӣ, Д., 1982;
- Мутафаккирони тоҷик дар бораи тарбияи бадан, Д., 1983;
- Бозӣ ва машғулиятҳо дар боғчаи бачагон, Д., 1980;
- Воситаҳои аёнӣ аз психология, Д., 1989;
- Нишондодҳои методӣ барои машғулиятҳои лабораторӣ (аз психологияи умумӣ), Д., 1986;
- Варзиши миллӣ ва бозиҳо, Д., 1997.