Jump to content

Намудҳои вақти истироҳат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Намудҳои вақти истироҳат— вақти истироҳат вақте мебошад, ки корманд дар давоми он тибқи қонун аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро мувофиқи хоҳишаш барои қонеъ намудани манфиатҳои худ ва барқарор сохтани қобилияти кориаш истифода мебарад. Навъҳои вақти истироҳат инҳоянд:

а) танаффусҳо дар давоми рӯзи корӣ;
б) танаффусҳо байни рӯзҳои сменаҳои корӣ;
в) рӯзҳои истироҳат (истироҳати ҳарҳафтаина);
г) рӯзҳои ид;
д) рухсатиҳои кории ҳарсолаи пардохтшаванда;
е) рухсатиҳои таҳсил;
ж) рухсатиҳои иҷтимоӣ;[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 330