Наргис Усмонова
Таърихи таваллуд | 4 ноябр 1984 (40 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | журналистика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Наргис Усмонова — журналист, номзади илми филология, дотсенти кафедраи матбуоти факултети журналисткаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Наргис Усмонова 4 ноябри соли 1984 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 2002 мактаб-литсейи ноҳияи номбурдаро хатм намуда тариқи квотаи президентӣ ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси журналистика соли 2007 хатм намудаст. Аз соли 2008 ин ҷониб дар кафедраи журналистикаи байналхалқӣ ба ҳайси муаллими соатбай, сипас ассистент дарс хондааст. Соли 2013 рисолаи номзадии худро бо унвони «Ҳақиқати таърихӣ ва оҳанги публитситии романи Ҷумъа Одина «Гузашти айём» дифоъ намудааст. Тўли ҳашт соли фаъолият 16 мақолаҳои илмию публитсистӣ ва 1 дастури таълимию методӣ чоп намудаанд. Моҳи феврали соли 2016 мудири кафедраи матбуоти факултети журналистка таъйин гардидааст.мудири кафедраи матбуоти факултети журналистка(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 31 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июни 2020.</ref>