Jump to content

Нардбозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нардбозӣ

Яке аз навъҳои варзиши фикрии миллӣ, ки таърихи тўлонӣ дорад. Нард дар болои тахтаи махсуси дутабақа бо муҳраҳо бозида мешавад. Дар канори ҳар як табақи тахта 6-тогӣ хоначаҳо барои гардиши муҳраҳо сохта шудааст. Дар нардбозӣ ду бозингар аз ду тараф бозӣ мекунад, ки ҳар кадом 15-тогӣ муҳра доранд. Барои хол гирифтан ва ё миқдори қадами муҳраҳо ду муҳраи мукааби холдор истифода мешавад. Муҳрачаҳои мукаабро рўйи тахта партофта, мувофиқи холи гирифтаашон як муҳраро аз хонаи якум гирифта, ба хоначаҳои баъдӣ ҳисоб карда мегузаронанд. Ҳамин тариқ, кадом бозигаре, ки пештар муҳраҳояшро аз майдони ҳариф гузаронад, ғолиб дониста мешавад. Дар саросари кишвар фаъол аст. [1]

1. Турсунов Н. Бозиҳои миллии тоҷикӣ. Д., 1983.

2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Д., Ҷ.1, 2015.

3. Турсунов Н. Нард // ЭСТ. Ҷ.5. Д., 1984. С.93.

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 188