Нарзиқул Обидов
Нарзиқул Ибодович Обидов | |
Таърихи таваллуд | 9 март 1937 |
Зодгоҳ | Душанбе |
Ҷоизаҳо |
медалҳои «Барои азхудкунии заминҳои бекорхобида» (1958), «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин” (1970), “Хидмати шоён” (2005), ду Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон (1977, 1988), Ифтихорномаи КМ ҲК Тоҷикистон (1973), Дипломи Ком. НКХХ Тоҷикистон (1973), Ифтихорномаи Иттифоқи журналистон ба муносибати 60-солагии таъсиси СССР (1977), Ифтихорномаи Фахрии ТАСС (Агентии телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ дар назди Совети Вазирони СССР) бахшида ба 60-солагии ТАСС (1985), Ифтихорномаи Фахрии КМ КПСС, Совети Вазирон ВССПС ва КМ ВЛКСМ ба муносибати 70-солагии Револютсияи Октябр (1987) |
Нарзиқул Ибодович Обидов (9 марти соли 1937, шаҳри Душанбе) — рӯзноманигор, тарҷумон ношир, Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва СССР (аз с.1975).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дастпарвари мактаби миёнаи № 7 шаҳри Душанбе (1956). Ӯ факултети таъриху филологияи УДТ ба номи В. И. Ленин (1961), шуъбаи журналистикаи факултети кадрҳои идеологии Университети марксизм-ленинизми назди комитети ҳизбии шаҳри Душанбе (1983), Институти умумииттифоқии такмили ихтисоси кормандони матбаа (Москва, 1988)- ро хатм кардааст. Муҳаррири хурди нашриёти «Ирфон» (1961—1962), тарҷумони Вазорати роҳсозии ИҶШС дар Афғонистон (1962—1963), муҳаррир (1964—1972), муҳаррири калони нашриёти «Ирфон» (1972—1979), муҳаррир-тарҷумони Агентии телеграфии назди Совети Вазирони Тоҷикистон (1979—1991), мудири котиботи Вазорати кишоварзии ҶТ (1991—1993). Аз соли 1993 — сармутахассиси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ. Асосан бо тарҷума ва таҳрири асарҳои классикони марксизм-ленинизм, адабиёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва илмии оммавӣ машғул будааст. Муаллифи мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо, оҷонсии давлатии ҶШС Тоҷикистон «ТОЧИКТА», ҳикояҳо ва рисолаҳои шарҳиҳолӣ дар бораи шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медалҳои «Барои азхудкунии заминҳои бекорхобида» (1958), «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» (1970), «Хидмати шоён» (2005), ду Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон (1977, 1988), Ифтихорномаи КМ ПК Тоҷикистон (1973), Дипломи Ком. НКХХ Тоҷикистон (1973), Ифтихорномаи Иттифоқи журналистон ба муносибати 60-солагии таъсиси СССР (1977), Ифтихорномаи Фахрии ТАСС (Агентии телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ дар назди Совети Вазирони СССР) бахшида ба 60-солагии ТАСС (1985), Ифтихорномаи Фахрии КМ КПСС, Совети Вазирон ВССПС ва КМ ВЛКСМ ба муносибати 70-солагии Револютсияи Октябр (1987) ва Ифтихорномаҳои соҳавӣ мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013. — С. 99.