Наримон Бақозода
Наримон Бақоев | |
Таърихи таваллуд: | 26 январ 1935 |
Зодгоҳ: | Самарқанд |
Таърихи даргузашт: | 26 январ 2009 (74 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир, драматург |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: | Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1993) |
Наримон Бақозода (Наримон Бақоев; 26 январи 1935, Самарқанд — 26 январи 2009, Душанбе) — шоири тоҷик. Аълочии маорифи Тоҷикстон (1995), Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1995), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1974).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Наримон Бақозода, 26 январи соли 1936 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, рӯзноманигори маъруфи «Овози тоҷик» зода шудааст. Замони тифлии шоир дар Самарқанд, дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон гузаштааст. Факултети таъриху филологияи УДТ ба номи В. И. Ленин ро хатм кардааст (1960). Ходими адабӣ, мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960—1967), мудири шуъбаи адабиёти бачагон ва наврасони Нашриёти давлатии «Ирфон» (1967—1970), таҳсил дар мактаби кинодраматургии назди Киностудияи «Тоҷикфилм», сардабири шуъбаи филмҳои ҳуҷҷатии «Тоҷикфилм», сармуҳар. Комитети давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография (1970—1974), котиби масъули маҷаллаи «Машъал» (1974—1979), муовини аввали раиси Комитети Тоҷикистнии муҳофизати сулҳ ва мудири Тоҷикистнии Хазинаи сулҳ (1974—2003)[1].
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 2003 то охири умр ба корҳои эҷодӣ машғул буд. Барои кӯдакону наврасон як силсила шеъру достон офаридааст, ки дар маҷмӯаҳои «Гулдара» (1969), «Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо» (1971), «Сурнайчӣ» (1975), «Оши ҳалол» (1978), «Чӣ хуш аст?» (1983), «Дафтари мо — кони панҷ» (1985) ва ғ. фароҳам омаданд.
Наримон Бақозода рӯҳу равони кӯдаконро мефаҳмид, ба завқашон муносиб рафтор менамуд. Асарҳое меофарид, ки завқи кӯдакони синни томактабӣ ва хурди мактабхонро ангехта тавонанд. Аввалин либреттои операи бачагонаи тоҷик «Хонаи заргӯшбибӣ» (1969), драмаҳои «Бузаки ҷингилапо» (1975), «Бахтатро бедор кун» (1985) ва ғайраро эҷод кардааст. Киносенарияи «Пули ларзон» (ба забони русӣ), радиопйесаи «Истиқболи Барфибобо», драмаи телевизионии «Кадри ҳавоӣ» аз силсилаи намоишномаҳоеанд, ки дар саҳнаи театрҳои ҷумҳурӣ — Душанбе, Хуҷанд, Чкаловск ва ғ. ба намоиш гузошта шудаанд. Чандин асари нависандагони шӯравӣ — «Доктор Айболит»-и К. Чуковский (1984), шеърҳои С. Маршак, ҳикояву афсонаҳои А. Гайдар ва диг.-ро ба забони тоҷикӣ гардонидааст. Ба забони русӣ маҷмӯаҳои Наримон Бақозода «Хандаляк» (1969), «Ишь ты, озорной» (1974), «Что всегда слаще?» (1990), ба забони узбекӣ маҷмӯаи шеърҳои «Гулсара» (1979) ба табъ расидаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», «Нишони Фахрӣ»-и Кумитаи сулҳхоҳони Олмон ба номи Жолио Кюри, медали тилои Федератсияи байналхалқии хазинаи сулҳ сарфароз гардидааст. Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1993) буд. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1974[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013. — С.32.ISBN 978-99947-958-2-6
- ↑ Бақозода Наримон / Ш. Раҳмонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Наримон Бақозода даргузашт
- Ғояҳои донишу маърифат дар ашъори Наримон Бақозода
- Таджикский «Заходер» празднует свой юбилей
- Наримон БАКОЗАДЕ: «Нужны ступеньки для лестницы…»(пайванди дастнорас)
- «Ишь ты, озорной!» Детская литература, 1974, 28 стр., Русский, PDF, 7,55 Мб(пайванди дастнорас)
- Российская государственная библиотека, Наримон Бакозода
- Зодагони 26 январ
- Зодагони соли 1935
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Даргузаштагони 26 январ
- Даргузаштагони соли 2009
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони Тоҷикистон
- Шоирони асри XX
- Адибон аз рӯи алифбо
- Намоишноманависон аз рӯи алифбо
- Шоирони тоҷик
- Адибони Тоҷикистон
- Намоишноманависони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон