Насиба Абдуллоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Насиба Абдуллоева
ӯзбекӣ: Nasiba Abdullayeva
Ном ба ҳангоми таваллуд Ёрмухамедова Насиба Меликовна
Таърихи таваллуд 15 ноябр 1961(1961-11-15) (62 сол)
Зодгоҳ Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон
Солҳои фаъолият 1980 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) сароянда
Сабк мусиқии поп, фолк
Ношир(он) Blue Flame Records
Ҷоизаҳо
People's Artiste of Azerbaijan
"Mehnat shuhrati" order
Сайти расмӣ

Насиба Абдуллоева (ӯзбекӣ: Nasiba Abdullayeva; зод. 15 ноябри 1961, Самарқанд) — сароянда, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон (1993) ва Озарбойчон (2022)[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Студияи мусиқии Самарқанд (1979) ва Институти давлатии маданияти Тошкент (1989).

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Эҷодиёташро аз иҷрои сурудҳои халқӣ шурӯъ карда, «Лазгии Хоразм», «Баригал», «Танавор»-ро ҳамчун дурдонаҳои эҷоди мардуми Шарқ ҷилвагар сохт. Маҳорати бадеӣ, овози нозуки ширадор, интихоби матнҳои баландмазмун хоси ҳунари Абдуллоева аст. Махсусан сурудҳои ишқӣ («Арзамро гуфтам», «Ҷони ман», «Малак» ва ғайра)-ро бо эҳсоси олӣ иҷро мекунад. Дар эҷодиёти Абдуллоева сурудҳои тоҷикӣ, туркӣ, озарӣ, эронӣ мавқеи намоён доранд. Чанд маротиба ба кишварҳои хориҷӣ сафари ҳунарӣ кардааст. Филми телевизионии «Насиба» («Ӯзбектелефилм», 1989) ба эҷодиёти Н. Абдуллоева бахшида шудааст. Дар Тоҷикистон борҳо ҳунарнамоӣ карда, байни сокинони ин ҷо маҳбубият пайдо кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Azerbaijan awards popular Uzbek singer(англ.). Azernews.Az (30 August 2022). 30 августи 2022 санҷида шуд.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]