Jump to content

Насиба Меликова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Насиба Меликова
Насиба Хурсандовна Меликова
Таърихи таваллуд 25 январ 1966(1966-01-25) (58 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино

Насиба Хурсандовна Меликова (25.01.1966, Душанбе), педиатр (духтури кӯдакон). Номзади илмҳои тиб (2008), дотсент.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Насиба Хурсандовна Меликова факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст (1989): интерн (1989-90), пизишк-неотологи клиникаи Пажуҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдаки Душанбе (1992-97), ассис. каф. тибби Шарқ ва равонпизишкӣ (1997-98), ассис. (1998-07). Аз с. 2007 – муал. калони каф. физиологияи патологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино. Дар мавзӯи «Таъсири муносибатҳои байни одамон ва ҳолати системаи асаби нашвӣ ба фаъолияти мақсадноки донишҷӯён» рисолаи номз. дифоъ кардааст. Муҳаққиқи таъсири омилҳои муҳити зист ба микро- ва макродинамикаи одами солим ва бемор. Муаллифи якчанд таълифоти илмӣ доир ба психология, аз ҷумла «Мотивацоннная деятельность студентов и уровень тревожности при эмоциональном напряжении». Маҷ. «Российский физиологический журнал», М.,2004; « Реактивная и личностная тревожность студентов при эмоциальном стрессе». Маҷ. «Паёми Сино», Д.,2004; «Соотношение показателей личностной и реактивной тревожности со степенью напряжения в регуляторных механизмах у студентов при эмоциальном стрессе». Научные труды I съезда физиологов. Сочи (ФР), 2005; «Донозологический подход к оценке состояния здоровья человека». Маҷ. «Современная медицина и качество жизни пациента» (ҳаммуаллиф), Д.,2006.[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6