Натурализатсия
Натурализатсия -дар ҳуқуқи конститусионӣ дар зери ин мафҳум аз тарафи шахси хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ба даст овардани шаҳрвандӣ бо роҳи ба номи сардори давлат ё дигар мақоми олии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод кардани ариза фаҳмида мешавад. Нисбат ба шахсоне, ки дар асоси таваллуд шаҳрванд мегарданд, шахси бо ариза ба шаҳрвандӣ соҳибшударо дар адабиёти ҳуқуқи шаҳрвандӣ натурализатсияшуда меноманд. Дар байни онҳо вобаста ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳо қариб тафовут вуҷуд надорад. Аммо баъзе хусусиятҳо вуҷуд дошта метавонанд. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванде Президент интихоб шуда метавонад, ки синни аз 35 то 65- сола дошта, дар қаламрави Тоҷикистон ҳадди ақалл 10 соли охир истиқомат дошта бошад (моддаи 65). Чунин хусусиятҳо дар давлатҳои дигар низ вомехӯрад. Дар қонунгузории шаҳрвандии ҶТ ибораи «натурализатсия» истифода нашудааст, ба ҷои он яке аз асосҳои шаҳрванд гардидан - дар натиҷаи қабул шудан ба шаҳрвандӣ муқаррар шудааст (ниг. ба Қабул ба шаҳрвандӣ, шаҳрвандӣ).[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 331-332