Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Наум Гребнев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Наум Гребнев
Таърихи таваллуд 20 ноябри 1921(1921-11-20)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 2 январи 1988(1988-01-02) (66 сол)
Маҳалли даргузашт
Маҳалли дафн
Шаҳрвандӣ (табаият)
Таҳсилот
Навъи фаъолият шоир, тарҷумон
Солҳои эҷод аз 1942
Забони осор русӣ ва арманӣ
Ҷоизаҳо
Order of the Patriotic War, 1st class ордени «Нишони Фахрӣ» Medal "For Battle Merit" медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ» Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Medal "For the Defence of Stalingrad" Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Twenty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Thirty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Forty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "50 Years of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "60 Years of the Armed Forces of the USSR"
 Парвандаҳо дар Викианбор

Нау́м Иса́евич Гре́бнев (номи хонаводагии аслиаш — Рамбах; 20 ноябри 1921, Ҳорбин[d], Heilungkiang[d]2 январи 1988, Маскав) — шоир ва тарҷумони рус.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти адабии ба номи М. Горкийи Маскав (1949). Дар ҶБВ (1941—1945) ширкат кард. Маҷмӯаи аввалини шеърҳояш «Кори ҳақ» (1947)-ро ба ҳамяроқонаш бахшид. Минбаъд ба кори тарҷумонӣ пардохта, осори шоирони арман, гурҷӣ, қирғиз, тотор, туркман, ӯзбек ва мардумони дигарро ба русӣ баргардонид. Муддате дар Доғистон зиста, забони халқҳои Қафқози Шимолиро омӯхт. Ашъори Расул Ҳамзатов ва дигар шуарои Доғистон, Чеченистон, Кабардину Балқар, Абхозистонро ба русӣ тарҷума кард. Хидмати Наум Гребнев дар тарғибу ташвиқи ашъори адибони форс-тоҷик бузург аст; намунаҳо аз осори Ҷалолуддини Румӣ, дигар намояндагони адабиёти гузашта ва муосирро ба забони русӣ бо маҳорати баланд баргардон кардааст. Дар тарҷумаҳояш мазмунҳои бикру оҳангҳои ғоявии намунаҳои аслро дақиқ ифода намудааст. Осори тарҷумакардааш дар маҷмӯаҳои зиёд ба табъ расидаанд.

Бо ордену медалҳои ҷангӣ сазовор шудааст.

  • Четверостишия. Из таджикской народной лирики. Сталинабад, 1957;
  • Что видел ёжик. Стихи. М., 1957; Из таджикской народной поэзии. Д., 1964;
  • Истины. Изречения персидского и таджикского народов. М., 1968;
  • Песни страны певцов. Из таджикской народной поэзии. Д., 1972;
  • Деҳоти А. Озорной барашек. Стихи. Д., 1986;
  • Джалаладдин Руми. Поэма о скыртом смысле. М., 1986.