Jump to content

Нашриёти “Авасто”

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нашриёти «Авасто» — дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин нашриёти хусусист, ки моҳи июли соли 1992 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд аз ҷониби шаҳрванд Ориёфар Толиб Сангинзода таъсис гардидааст. Мақоми марказии он аз соли 1994 (баъди дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудани оинномаи А.) дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

«Авасто» баъди ба истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи пуриқтидортарин нашриёти Иттиҳоди Шӯравӣ «Политиздат»-ро иҷро мекунад ва дар инъикоси мукаммал ва воқеии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол собитқадам буда, аз пайи таблиғи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. «Авасто» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ адабиёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, бадеӣ, таълимӣ ва илмӣ-оммавиро нашр мекунад.

Номгӯи як қатор китобҳои нашриёти «Авасто», ки ба инъикоси сиёсати давлат бахшида шудаанд:

  • «Эмомалӣ Раҳмонов: Ман ба шумо сулҳ меоварам!»;
  • «Эмомалӣ Раҳмонов: Ҷиноятро бояд решакан кунем»;
  • «Эмомалӣ Раҳмонов – таъминкунандаи сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқати мар¬думи Тоҷикистон» (бо забони тоҷикӣ);
  • «Эмомалӣ Раҳмонов: Ваҳдат, сулҳ ва бунёдкорӣ мароми мост!» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
  • «Внешняя политика Президента Рахмонова» («Сиёсати хориҷии Президент Раҳмонов»);
  • «Межгосударственные отношения Республики Таджикистан в двустороннем формате»(«Муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»);
  • «Таджикистан – надёжный партнёр в международных отношениях» («Тоҷикистон – шарики боэътимод дар муносибатҳои байналмилалӣ»);
  • «Политика открытых дверей» («Сиёсати дарҳои боз»);
  • «Внешняя политика Таджикистана в условиях глобализации» («Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити ҳамгироӣ»);
  • «Таджикистан на пороге тысячелетий: реализация национальных интересов на международной арене» («Тоҷикистон дар остонаи ҳазорсолаҳо: Татбиқи амалии манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ»); «Внешняя политика Республики Таджикистан на современном этапе» («Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар марҳалаи муосир») (бо забони русӣ);
  • «Келишув сари йӯл. Эмомали Раҳмон – инсон ва сиёсий арбоб»(«Роҳи ваҳдат. Эмо¬малӣ Раҳмон – инсон ва арбоби сиёсӣ», бо забони ӯзбекӣ).

Номгӯи як қатор китобҳои таълимӣ ва илмӣ-оммавии нашриёт «Авасто» «Дастур оид ба маъ¬¬рифати ҳуқуқии занон» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);

  • «Дастури таълимии таҷрибаомӯзии сайёҳӣ»;
  • «Маҷмӯи қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ»;
  • «Академик Ниёзмуҳаммадов Бобоҷон Ниёзович»;
  • «Жанрҳои журналистикаи телевизион»;
  • «Лаҳзаҳои зиндагӣ»;
  • «Нишоне аз пайроҳаи умр»;
  • «Ҳикмати авлиё»;
  • «Офаришини охирин» [1]