Jump to content

Наҷмуддини Заркӯб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Наҷмуддини Заркӯб
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1313
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Наҷмуддин Абубакр Муҳам­мади Заркӯб (форсӣ: نجم‌الدین ابوبکر محمد زرکوب‎; Табрез1313) — шоири мутасаввифи форс-тоҷик, муаллифи «Китобу-л-футувват».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тазкираву манбаъҳои адабӣ чузъиёти тарҷумаи ҳолаш зикр нашудааст. Ӯ ҳамчун шахси донишманд, шоири тавоно ёд мешавад. Дар тасаввуф пайрави Саъдуддини Ҳамавӣ будааст. Наҷмуддин 3аркӯб бо Рашидуддини Фазлуллоҳ — вазири маъруф, муаллифи асари таърихии «Ҷавомеъу-т-таворих» робитаи дӯстӣ дошт. Ашъори сӯфиёнаи ӯ, инчунин рисолаи «Китобу-л-футувват»-аш то замони мо расидааст.

  • Наҷмуддини Заркӯб // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).