Jump to content

Кавкабии Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мавлоно Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ
форсӣ: نجم الدين كوكبي بخارايي
Таърихи таваллуд 1468(1468)
Зодгоҳ Бухоро
Таърихи даргузашт 1532(1532)
Пеша(ҳо) навозанда

Мавлоно Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ (форсӣ: نجم الدين كوكبي بخارايي‎; 1468, Бухоро — 1532, Бухоро) — мусиқидон, навозанда, хонанда, мусанниф ва шоири форс-тоҷик, устоди Камолуддини Бухороӣ.

Дар хонаводаи олим, шоир ва мусиқидон Мавлоно Гавҳарии Бухороӣ шуда, асосҳои амалию назарии шеъру мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Барои такмили дониш аз донишмандону ҳунарварони бузурги замонааш асосҳои назарию амалии шеър, мусиқӣ, фалсафа ва илоҳиётро фаро мегирад.

Бинобар ба тавсифи Дарвешалии Чангӣ 1542-43-1649, «Туҳфату-с-сурур»-«аз натоиҷи килки сеҳросор бар сафҳаи рӯзгор девони ашъор, рисолоти чанд сохта, дар илми адвор муаллифи мастур ва мусаннифоти мутаадид аз ӯ монда…» дар ҳаёти мадании даврааш нақши босазо гузошта, дар вусъати афкори илмӣ, рушди эҷоду иҷрои мусиқӣ (жанру шакл, анвои созию овозӣ) корҳои мондагори илмӣ ва ҳунарӣ намудааст. Кавкабии Бухороӣ дар замони Шайбониён (1500—1599) мактаби нави таҳқиқӣ, амалии мусиқӣ таъсис дода, дар иртибот ба масоили амалӣ ва назарии мусиқӣ (махсусан «Дувоздаҳмақом», иртиботи мусиқӣ, шеър) таълифоти барҷаста кардааст. Махсусан, асарҳои Кавкабии Бухороӣ «Рисолаи мусиқӣ» (ба Убайдуллохони Шайбонӣ 1533—1539 бахшида), «Рисола дар баёни Дувоздахмақом» (ба назм, аввалин таълифоти назариявии мусиқӣ ба назм нигошташуда), «Рисолаи киромия дар илми мусиқӣ» (ин рисоларо бо номҳои гуногун котибон нусхабардорӣ кардаанд), «Султония» ва ғ. дар таърихи тамаддуни мусиқии садаи XVI аз муҳимтарин таълифоти мусиқӣ маҳсуб шуда, аксари мусиқидонони садаҳои 16-17 ва ибтидои садаи XVIII Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳиндустон ба осораш (махсусан рисолаи назмии Кавкабии Бухороӣ) чун манобеи муътамад истинод овардаанд. Дар инкишоф ва тадвини поэтикаи (назми) мақомҳо (12-мақом) Кавкабии Бухороӣ низ саҳми босазо дошта, бори аввал матни мақомҳоро («Куллиёти Дувоздаҳмақом») тартиб дода, минбаъд ин кори ӯ дар ҳавзаҳои ҳунарию эҷодии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон, Ҳиндустон як раванди нави эҷодию иҷроиро дар санъати мақом ва мақомхонӣ рӯи саҳна овард. Дар заминаи «Куллиёти Дувоздаҳмақом» на фақат назми комили мақомҳо (12-мақом, таркиботи он), инчунин минбаъд таҳия ва тадвинкунандагони назми «Шашмақом», «Ҳафт дастгоҳ» (эронӣ) аз ин кори Кавкабии Бухороӣ истифодаи зиёд бурдаанд. Аз ҷумла дар баёзу рисолаҳои «Шашмақом», «Ҳафт дастгоҳ» (Фурсати Шерозӣ), ки ас. 18-19 ва ибтидои ас. 20 рӯи кор омадаанд, матни аксари мақомҳо бар пояи «Куллиёти Дувоздаҳмақом» интихоб ва таҳия шудаанд. Кавкабии Бухороӣ чун мусанниф дар шаклу анвоъ, жанрҳои шеърию мусиқии «савт», «кор», «нақш», «амал», «пешрав», «миёнхона», «сархона», «сарбанд», «қавл», «куллиёт», «рехта», «саҷъ» ва дигар таркиботи мақомҳо тагӣироту такмилоти навине ворид карда, дар аксари ин анвои созию овозӣ асарҳои рангине офаридааст. Дар шакли мусиқии «куллиёт» асари офаридаи ӯ дар ҳавзаҳои ҳунарии Бухоро, Самарқанд, Ҳирот ва Ҳинд, Эрон рӯҳияи нави назирасароии шеърию мусиқиро ба миён оварда, бисёр мусиқидонон ба ин асараш назираҳои (тазмин) ҷолиб эҷод кардаанд. Асари маҷмӯии Кавкабии Бухороӣ ба усули «Зарбулфатҳ» (ба мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Рост», «Ироқ») дар доираҳои эҷодию иҷроӣ шуҳрати зиёд касб намуда, мусаннифону сарояндагони Самарқанду Бухоро, Марв, Хоразм, Ҳирот (Устод Ҳасани Кавкабӣ, Хоҷа Муҳаммади Кавкабӣ, Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ, Хоҷа Абдусаттори Қонунӣ, Амир Алиакбари Қонунӣ, Мираки Маҷрӯҳии Бухороӣ, Боқии Ҷарроҳи Самарқандӣ ва диг.) дар тазмини ин силсила асарҳо офаридаанд. Ё худ «Чаҳорзарб»-и Кавкабии Бухороӣ ба мақоми «Ироқ» ҳам аз таснифоти «таркибан муҳташаму ҳирфаии мусиқии» садаи XVI-17 маҳсуб шуда (Хоҷа Ҳасани Нисорӣ «Музаккиру-л-аҳбоб») ва матни ин асар ба қалами мусанниф мансуб буда, қисми аввали он бо таронаи зайл оғоз меёбад:

Дидаи ёр аз рухат пурнур бод,
Чашми душман аз ҷамолат дур бод,
Кавкабиро талъати зебои ту,
То умедаш дидаи манзур бод.

Бинобар ба тавзеҳи Хоҷа Ҳасани Нисорӣ («Музаккиру-л-аҳбоб»), Дарвешалии Чангӣ («Тӯҳфату-с-сурур»), Сайфиддини Ғазнавӣ («Рисолаи мусиқӣ») ва дигарон «Зарбулфаҳ»-и Кавкабии Бухороӣ аз таснифоти таркибан мураккаби бадоҳавӣ маҳсуб шуда, барои аҳли мусиқии ас. 16-17 як рӯҳияи эҷодии касбиро рӯи саҳна оварда, матни ин асар ҳам мансуби мусанниф буда, ду таронаи аввали «З.» чунин аст:

То булбули ҷон нағмасаро хоҳад буд,
То матлаби «Ушшоқ», «Наво» хоҳад буд.
Бо замзамаи ишқ нахоҳам будан,
То қуввати дам задан маро хоҳад буд.

Таронаи дуввуми «З.»:

Мутриб чу ба ришта нағмаро соз кунад,
«Наврӯз»-у «Гавашт»-у «Салмак» оғоз кунад.
Гуфтам: Санамо, намой «Гардония»-ро
Пас «Моя» бигардонаду «Шаҳноз» кунад.

«Куллиёт»-и Кавкабии Бухороӣ, ки ба мақоми «Рост» аз таснифоти таркибан мураккаби назмию мусиқӣ (Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, «Музаккиру-л-аҳбоб», Дарвешалии Чангӣ, «Туҳфату-с-сурур») маҳсуб шуда, дар ҳаёти мусиқии Бухорою Самарқанд, Ҳирот ва Ҳинду Эрон ҳам назираи мусиқиро вусъат дод. Матни «К.» ҳам ба қалами Кавкабии Бухороӣ мансуб буда, ин шакл, навъи шеърию мусиқӣ дар ҳавзаҳои ҳунарӣ чун дастури мизон, санҷиши дониш, истеъдоди мусиқидонон мавриди истифода шуда ва қисми муқадимотии он чуни наст:

Зи роҳи «Рост» гар оҳанг мекунӣ ба «Ҳиҷоз»,
Зи «Исфаҳон» гузаре ҷониби «Ироқ» андоз.
Ба ноқа «Зангула» дар пардаи «Раҳовӣ» банд,
Ба «Бусалик» «Ҳусайнӣ»-сифат барор овоз.
Машав «Бузург» зи рӯи ниёз «Кӯчак» бош"
Дар он мақом ба «Ушшоқ»-у «Наво» пардоз.
«Гавашт»-у «Моя»-ву «Гардония» чу бархонӣ,
Бисоз пардаи «Наврӯз»-у «Салмак»-у «Шаҳноз».

Кавкабии Бухороӣ дар заминаи назми «Дувоздаҳмақом» куллиёт, матни ду ҷилдаи мақомҳоро тартиб дода ва ба Абдурраҳмони Ҷомӣ бахшидааст. Ӯ дар санъати шеър ҳам табъи баланди суханварӣ дошта, дар шаклу анвои шеърӣ: ғазал, рубоӣ, қитъа, қасида, маснавӣ ва ғ. осори гаронқадре офарида, ду девони ашъор тадвин намудааст (Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Дарвешалии Чангӣ).

Кавкабии Бухороӣ аз муассис ва сарвари ду мактаби мусиқӣ (Бухорою Самарқанд) буда, таҳти сарварии ӯ зумраи зиёди мусиқидонон, оҳангсозон, сарояндагону навозандагон, шоир-тазкиранависон: Хоҷа Ҳасани Кавкабии Самарқандӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ, Амир Алиакбари Қонунии Самарқандӣ, Боқии Ҷарроҳи Самарқандӣ, Мираки Маҷрӯҳи Чангии Бухороӣ, Хоҷа Муҳаммади Кавкабӣ ва дигарон ба арсаи ҳунар омада, дар рушди тамаддуни ас. 16-17 нақши босазо гузоштаанд. Қисмати Кавкабии Бухороӣ ба таври фоҷиавӣ анҷом ёфтааст. Ӯро ҳангоми бозгашт аз сафари Машҳад (зиёрати Имом Ризо) одамони шоҳ Таҳмосб дар роҳи байни Ҳироту Бухоро ба қатл мерасонанд. Қабраш дар мавзеи Бозори Нави Имом Ҷунайдхони Ғаззолӣ (Бухоро) воқест.

Мероси Кавкабии Бухороӣ дар таърихи тамаддуни мусиқии тоҷикон (мардумони эронӣ), Осиё Марказӣ мавқеи хоса дошта ва аз муҳимтарин осори хаттии мусиқист.

Мероси Кавкабии Бухороӣ дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар 550 — солагии мусиқидон, шоир ва навозандаи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ ҷашн гирифта мешавад. Қарори мазкурро Бунёди илму маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дастгирӣ намудааст. Наҷмиддини Кавкабии Бухороӣ аз барҷастатарин чеҳраҳои адабӣ буда, на танҳо дар Шарқи миёнаи наздик, балки дар таърихи адабиёту фарҳанги тоҷикон аввалин донишманде мебошад, ки масъалаи мусиқиро бо назм баён кардааст. Ӯ дар замони хеш аз чеҳраҳои номдори адабию ҳунарӣ маҳсуб шуда, дар таҳқиқи мусиқӣ эътибори зиёд пайдо намудааст. Кавкабӣ мактаби мусиқии Бухороро роҳбарӣ намуда, оид ба мусиқии тоҷик якчанд рисолаҳо таълиф кардааст. «Рисолаи мусиқӣ», «Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом», «Куллиёти Дувоздаҳмақом», «Назми Дувоздаҳмақом» аз арзишмандтарин рисолаҳои муаллиф ба ҳисоб мераванд.

«То Наҷмиддини Кавкабӣ олимон доир ба мусиқии классикӣ, махсусан санъати мақом рисолаҳои зиёд навишта буданд, лекин бори аввал бо кӯшиши ӯ куллиёти шеърии мақом, аз ҷумла „Дувоздаҳмақом“ тартиб дода шуд. Ин иқдоми Кавкабӣ минбаъд барои таҳияи матни назмиёти „Шашмақом“ заминаи устувор гузошта, берун аз ҳавзаҳои Мовароуннаҳру Хуросон низ густариш ёфт. Ӯ мактаби классикии мусиқӣ, аз ҷумла, анъанаи эҷод, иҷро ва таҳқиқи „Дувоздаҳмақом“ — ро дар шакли нав идома дод. Наҷмиддин аз чеҳраҳои бузурге мебошад, ки дар такя ба суннатҳои дерини анъанаи эҷодӣ ва таҳқиқи мусиқӣ на танҳо дар ҳаёти фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросон, инчунин дар ҳавзаҳои дигари Эрон ва Ҳинд диди нав ворид карда, таъсири зиёд гузошт»,-зикр намуд Аскаралӣ Раҷабов.[1]

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 92. — ISBN 978-99947-49-13-3.