Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Некрӯз Сафарзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Некрӯз Сафарзода
Сафарзода Некрӯз Шодӣ
Таърихи таваллуд 27 июн 1989(1989-06-27) (36 сол)
Зодгоҳ
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор СИЭМТ, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ

Некрӯз Сафарзода (Сафарзода Некрӯз Шодӣ; зод. 27 июн 1989, Қӯрғонтеппа) — муаррих, номзади илмҳои таърих (2020)[1], пажӯҳишгари сарчашмаҳои таърихӣ, ҷуғрофиёи таърихӣ ва таърихи сиёсии садаҳои миёнаи Эрону Осиёи Марказӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Некрӯз Сафарзода 27 июни соли 1989 дар шаҳри Қурғонтеппа дар оилаи табиб ба дунё омадааст[2]. Баъди хатми литсейи № 1 -и шаҳри Қурғонтеппа дар соли 2007 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2012 хатм намуд. Солҳои 2014–2018 аспиранти шуъбаи таҳсили ғоибонаи Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Солҳои 2012—2015 веростор-саҳифабанди шуъбаи комплектатсия, муҳаррири редаксияҳои фарҳанг ва таърих ва солҳои 2015—2024 мудири редаксияи донишномаҳо барои кӯдакон ва наврасони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик[3] буд.

Аз соли 2024 то ҳол ҷонишини сармуҳаррир-котиби масъули СИЭМТ аст[2].

Ҳамзамон, аз соли 2020 дар вазифаҳои лаборант, ходими хурд, ходими илмӣ ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш кор кардааст.

Некрӯз Шодӣ Сафарзода муаллифи як монография ва беш аз 30 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ доир ба таърих, ҷуғрофиёи таърихӣ, таърихнигорӣ, сарчашмашиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ, кишваршиносӣ ва мардумшиносӣ мебошад.

Мақолаҳояш дар ҷилдҳои Энсиклопедияи миллии тоҷик (ҷилдҳои 3-11), Донишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 2021), Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон (Душанбе, 2016) нашр шудаанд. Баргардонкунандаи ҷилдҳои 7 ва 16-и «Таъриху-р-русули ва-л-мулук»-и Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (Душанбе, 2014), «Масолик ва-л-мамолик»-и Ибни Хурдодбеҳ (Душанбе, 2022) ва «ал-Булдон»-и Ибни Возеҳи Яъқубӣ (Душанбе, 2022) аз хатти форсӣ ба кириллӣ.

Некрӯз Сафарзода мураттиби донишномаҳои «Ахтаршиносӣ» (Душанбе, 2022), «Ахтарони илм» (Душанбе, 2022) барои кӯдакон ва наврасон. Узви ҳайати муаллифони лоиҳаҳои миллии «Таърихи халқи тоҷик» ва «Мероси фарҳангии Хуросони Бузург» дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш мебошад[4].

  • Ҷуғрофиёи таърихии давлати Сомониён (Бо хатти кириллӣ ва форсӣ). — Д.: «Эр-граф», 2022. — 292 с.
  1. Сафаров Некрӯз Шодиевич. institute-history.tj. Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ. 21 августи 2023 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Некрӯз Сафарзода. Ҷуғрофиёи таърихии давлати Сомониён (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва хатти форсӣ). — Д.: «Ирфон», 2024. —С. 5. — 560 с. — ISBN 978-99975-1-437-0
  3. Некрӯз Сафаров by JOM(англ.). Spotify for Podcasters. 21 августи 2023 санҷида шуд.
  4. Сафарзода Некрӯз. institute-history.tj. Институти таърих, бостоншонсӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш. 21 августи 2023 санҷида шуд.