Нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Нерӯгоҳи обии Роғун)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун
Кишвар

 Тоҷикистон

Дарё

Вахш

Силсиланерӯгоҳ

Вахш

Молик

ҶСП «НБО Роғун»

Вазъ

строящаяся

Соли оғози сохтмон

1976

Соли бакордарории агрегатҳо

соли 2018 ва баъдтар

Мушаххасоти асосӣ
Коркарди солонаи энергияи барқ, млн кВт⋅с

17,1 млрд кВт⋅с.

Навъи нерӯгоҳи барқӣ

саддӣ

Тавоноии барқӣ, МВт

3600

Тавсифоти таҷҳизот
Навъи турбина

радиально-осевые

Хароҷот ба воситаи трубинаҳо, м³/с

Шумора ва маркаи генераторҳо

Тавоноии генераторҳо, МВт

6×600

Иншооти асосӣ
Баландии сарбанд, м

335

Шлюз

надорад

Дар харита
НБО Роғун (Тоҷикистон)
Red pog.png
НБО Роғун

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун (НБО Роғун) - нерӯгоҳи барқи обии калонтарин дар дарёи Вахш мебошад, ки сохтмонаш дар дарёи Вахш давом ёфта истодааст.

Таърих[вироиш]

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин – Роғун соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17,1 млрд. кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.

Оид ба сохтани НБО Роғун соли 2005 байни Тоҷикистон ва Ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Русия шартномае имзо шуд, вале он амалӣ нагардид. Тоҷикистон 29 августи соли 2007 он шартномаро бо ширкати «Русал» бекор карда, азм кард, ки ин нерўгоҳро бо маблағи худ месозад. Бо ҳамин мақсад ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис ва ойинномааш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 млн. сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Италия) қарордоде ба имзо расонидааст, барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати барқии НБО Роғун 3,9 млрд доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Танҳо барои бунёди сарбанди сунъии калонтарини Роғун, 1 миллиарду 950 миллион доллар маблағ сарф хоҳад шуд. Дар охири соли 2018 дар назар аст, се агрегати НБО Роғун ба истифода супорида шаванд, менависад Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ - СА-NEWS[1]

Монеаҳои сохтмон[вироиш]

Барои давом додани сохтмони НБО Роғун ҷумҳуриҳои поёноби Амударё Ӯзбекистон ва Туркманистон зиддият нишон медиҳанд. Сабаби норозигии роҳбарияти ин ҷумҳуриҳо ва махсусан Ӯзбекистон ин хатари руй додани зилзилаҳо дар атрофи сарбанди (баланди - 335 метр) НБО Роғун ва кам гардидани резиши миёнаи оби Амударё аст, ки ба обёрӣ намудани заминҳои давлатҳои поёноб оварда мерасонад. Барои санҷидани зарари экологии НБО Роғун ва обанбори он, ҳамин давлатҳо ба СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат намуданд. Бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони НБО Роғун ва обанбори он тахминан 3 сол аз санҷиши ҷиддӣ гузаронида шуданд ва барои муҳити атроф ва экологияи минтақа безарар дониста шуданд.

Бунёди сарбанд[вироиш]

Дар таърихи 29 октябри соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшид[2].

Эзоҳ[вироиш]

  1. http://ca-news.org/news:1385218 Таджикистан в 2018 году намерен запустить три агрегата Рогунской НБО
  2. Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун // PRESIDENT.TJ — 29 октябри 2016, 12:29

Манбаъ[вироиш]