Jump to content

Неъматҷон Сидиқов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Неъматҷон Сидиқов
Таърихи таваллуд 2 декабр 1956(1956-12-02) (68 сол)
Зодгоҳ Конибодом ,, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор Институти палитехникии Тоҷикистон, Институти илмӣ-тадқиқотии Шӯравии проблемаҳои идоракунӣ, Институти марказии иқтисодӣ-математикии академияи илмҳои СССР, филиали дар Тоҷикистон будаи ИИТШПИ, Вазорати муносибатҳои алоқаҳои иқтисодии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки саҳомии тиҷорати “Тоҷикбонкбизнес”, ҶСК “Соҳибкорбонк”, ҶСК “Агроинвестбонк”, МДО ТАКХ “Пахта-сармоя”, ДҶТИБКСМ дар ш.Душанбе ва ш Хуҷанд, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Алма-матер Универститети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин

Неъматҷон Сидиқов (тав. 2.12.1956 ) Конибодом, вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент. Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1978 Универститети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Ихтисос математик, омӯзгори математика.

  • Солҳои 1978-1981 Ассистенти кафедраи “Механикаи назариявӣ” Институти палитехникии Тоҷикистон.
  • Солҳои 1981-1983 Муҳандиси калон, ходими илмӣ дар филиали дар Тоҷикистон будаи Институти илмӣ-тадқиқотии Шӯравии проблемаҳои идоракунӣ.
  • Солҳои 1983-1988 Коромӯз-тадқиқотчӣ, аспиранти Институти марказии иқтисодӣ-математикии академияи илмҳои СССР.
  • Солҳои 1989-1992 Ходими илмӣ,ходими илмии калон дар филиали дар Тоҷикистон будаи ИИТШПИ.
  • Солҳои 1992-1993 Роҳбари шӯбаи муносибатҳои байналмиллалии дар Вазорати муносибатҳои алоқаҳои иқтисодии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Солҳои 1993-1996 Ҷонишини сардори идораи муносибатҳои байналмиллалии ва амалиётҳои хориҷии асъорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон.
  • Солҳои 1996-2000 Роҳбари мудирияти амалиётӣ-асъорӣ дари бонки саҳомии тиҷорати “Тоҷикбонкбизнес”.
  • Солҳои 2001-2003 Директори филиалӣ дар шаҳри Душанбе ва ҷонишини раиси раёсати ҶСК “Соҳибкорбонк”.
  • Солҳои 2004-2008 Роҳбари шӯбаи амалиётии бонкии ҶСК «Агроинвестбонк».
  • Солҳои 2008-2013 Директори генералии МДО ТАКХ “Пахта-сармоя”.
  • Солҳои 2013-2015 Мудири кафедраи табиӣ-риёзӣ ва мудири кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи ДҶТИБКСМ дар ш.Душанбе.
  • Солҳои 2015-2016 Муовини директор оид ба илм ва инноватсияи филиали муассисаи давлатии ДҶТИБКСМ дар шаҳри Хуҷанд.
  • Солҳои 2016-2018 Мудири кафедраи фанҳои умумитехникии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон.
  • Солҳои 2017-2018 Дотсенти муштараквазифаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва китобшиносии факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
  • Аз 2018 - то ҳол Дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Факултаи иқтисодии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров. [1]