Jump to content

Неъмат Абдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Неъмат Абдуллоев
Неъмат Абдуллоев
Таърихи таваллуд 14 май 1939(1939-05-14) (85 сол)
Зодгоҳ Ноҳияи Ҳисор
Кишвар

Неъмат Абдуллоевомӯзгор, ҳуқуқшинос, Аълочии маорифи ҶТ. Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Неъмат Абдуллоев 14 майи 1939 дар деҳаи Ноҷии Болои ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Ӯ соли 1957 мактаби миёнаи №6-и ноҳияро хатм кардааст. С. 1961 ба фак. ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1966 фаъолияти кориашро ба ҳайси лаборант дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии фак. ҳуқуқшиносии донишгоҳ оғоз намудааст. Сипас соли 1967-1970 дар аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонда, соли 1970 рисолаи номзадиро ҳимоя кардааст. Неъмат Абдуллоев соли 1970-1990 дар донишгоҳ ҳамчун муаллими калон, дотсент дар кафедраҳои ҳуқуки ҷиноятӣ, ҳуқукӣ судӣ ва назорати прокурорӣ фаъолият намуда, аз соли 1990 то 2008 мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назоратӣ прокурории фак. ҳуқуқшиносӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз с. 2008 то 2013 дар кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ дотсент шуда кор кардааст. Абдуллоев тӯли ин солҳо ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ машғул шуда, оид ба мурофиаи ҷиноятӣ китоби дарсӣ иборат аз 2 қисмро таълиф намуда, доир ба эҳтимолияти бегуноҳии айбдоршаванда, проблемаи таъқиби ҷиноятӣ, истифодаи донишҳои махсус дар мурофиаи ҷиноятӣ ва иштироки мутахассис дар амалиётҳои тафтишотӣ мавод ба чоп расонидааст. Абдуллоев аъзои ҳайати кори лоиҳаи Конститутсияи нав ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ буда, дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла дар Қазоқистон, Россия, ИМА, Германия, Полша ва Венгрия иштирок ва баромад намудааст.

  • «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
  • медали «Собиқадори меҳнат»
  • унвони фахрии «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» [1]
  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 79