Jump to content

Неъмат Бозоров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Неъмат Бозоров

Неъмат Бозоров (Бозоров Неъмат Исмоилович; зод. 1.4.1954, Деҳнав, вилояти Сурхондарё, ҶШС Узбакистон) — ҷарроҳ-саратоншинос, доктори илмҳои тиб (1998), профессор (2001).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1977). Ҷарроҳ-онкологи Диспансери клиникии онкологии ҷумҳуриявӣ (1977-81), ординатори клиникии кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Институти маркази такмили ихтисоси духтурони ш. Маскав (1981-83), ассистенти кафедраи ҷарроҳии стоматологии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1983-87), аспиранти кафедраи ҷарроҳии стоматологии Институти тиббии ш. Киев (1987-90), ассистенти кафедраи ҷарроҳии стоматологӣ (1990-93), дотсент (1994-98), профессор (1999—2008) ва мудири кафедраи онкологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (аз 2008). Муаллифи зиёда аз 259 асари илмию методӣ, аз ҷумла 117 мақола, 62 тезис, 66 навоварӣ ва 1 кашфиёт.

  • Ранняя диагностика рака шейки матки. Д., 2008;
  • Современные подходы к лечению рака пищевода. Д., 2008.