Нигматулло Сайфуллоев
Нигматулло Мирзоевич Сайфуллоев | |
| |
Таърихи таваллуд | 11 август 1977 (47 сол) |
Зодгоҳ | вилояти Чимканд ҶШС Ӯзбекистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Нигматулло Сайфуллоев (Сайфуллоев Нигматулло Мирзоевич; зод. 20 апрели 1940, ноҳияи Сариағоч, вилояти Чимканд) — олим, файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1992).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нигматулло Сайфуллоев соли 1959 баъд аз хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар зодгоҳаш — ноҳияи Сариағочи вилояти Чимканд, барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон омад ва дар ҳамин ҷо муқимӣ шуд[1].
Пажӯҳишҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Нигматулло Сайфуллоев дар миқёси Тоҷикистон ва хориҷ аз он дар мавзȳъи омȳзиши фалсафаи Абȳалӣ ибни Сино, таҳқиқотҳои илмии зиёдеро анҷом додааст. Рисолаи доктории ӯ зери унвони «Мантиқи Ибни Сино дар муқоиса бо мантиқи Арасту ва равоқиён», ки соли 1992 дар шȳрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва дифоъ кардааст.
Нигматулло Сайфуллоев беш аз 250 асари илмӣ, аз ҷумла 5 монография, 4 китоби дарсӣ ва мақолаҳои илмии дигар навишта шудаанд. Муҳимтаринашон китобҳои «Логика Ибн Сины» (соли 1991), ҳаммуаллифи осори мунтахаби «Абȳалӣ ибни Сино» (ҷилди 6) ва диг. ҳастанд. Нигматулло Сайфуллоев муҳаррир ва узви ҳайати таҳририи «Осор»-и 16 ҷилдаи Абȳалӣ ибни Сино мебошад.
Нигматулло Сайфуллоев солҳои тȳлонӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1992—1997); Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (1997-то кунун) барои донишҷуён таълим медиҳанд. Имрȳз ҳам профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мебошад.
Таҳти роҳбарии ӯ 2 рисолаи докторӣ ва 6 рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст[1].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Российско-Таджикский (Славянский) университет: вчера, сегодня, завтра. 1996—2016. — Душанбе, 2016.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 САЙФУЛЛОЕВ Н. М. – ОЛИМИ НУКТАСАНҶ ВА ОМӮЗГОРИ ҒАМХОР. anrt.tj. 20 апрели 2022 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)