Jump to content

Низомиддин Саидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Низомиддин Саидов
Низомиддин Саидов
Таърихи таваллуд 27 декабр 1987(1987-12-27) (36 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Лахш ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2009),

Низомиддин Саидов (тав. 27.12.1987, н. Лахш) — омӯзгор, маорифшинос, номзади илмҳои педагогика (2019),

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Низомиддин Саидов солҳои 2005-2010 дар факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, аз соли 2014 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи маориф, амсоли омӯзгори фанни таърих дар муассисаи 624 таҳсилоти миёнаи умумии №13 н. Ҷиргатол (2010-2012), ассистенти кафедраи педагогика ва психология дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (2012-2013), нозири шуъбаи таълими ДОТ (2012-2013), сармутахассиси хадамоти мониторинги сифати таҳсилот (2013), ҷонишини декан оид ба корҳои таълим дар факултети таърих ва филология (2013-2014), сардори раёсати таълим (2014-2016) ва ёвари ректори ДОТ дар ноҳияи Рашт (2016-2018) кор кардааст. Баъдан ба ҳайси мудири сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Маркази таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018-2019), мудири шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилоти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (2019-2020), аз моҳи сентябри соли 2020 то ҳол ба ҳайси муаллими калони кафедраи психологияи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад.

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ