Ноҳияи Лахш
Ноҳияи маъмурӣ | |
Ноҳияи Лахш (то 3 марти соли 2016 Ноҳияи Ҷиргатол) | |
---|---|
Жергетал району | |
Кишвар |
![]() |
Тобеъи | НТМ |
Шомили | 1 шаҳрак, 9 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Ваҳдат |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 10 марти соли 1931 |
Масоҳат | 4580,1 км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 61 300 нафар[1] нафар (2016) |
Миллият | тоҷикон, қирғизҳо |
Мазҳаб | мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ |
Забонҳои расмӣ | тоҷикӣ, қирғизӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | DZ |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.RR.DZ |
Коди телефон | +992 3132 |
Нишонаи почта | 737450 |
Домени интернет | .tj |
Коди мошинҳо | TJ08 |
![]() |
Ноҳияи Лахш (то 3 марти соли 2016 Ноҳияи Ҷиргатол; форсӣ: ناحیه جرگهتال, қирғизӣ: Жергетал району) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон аст.
Ноҳия 10 марти соли 1931 таъсис ёфтааст. Солҳои 1939 - 1955 дар ҳайати ноҳияи Ғарм буд.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Ваҳдат, дар соҳили дарёи Сурхоб 284 км дуртар аз Душанбе, воқеъ аст.
Ҷойгоҳ[вироиш]
Ноҳияи Лахш дар водии Рашт ҷойгир шудааст. Дар шимол бо вилояти Баткенти Кирғизистон, дар ғарб бо ноҳияи Рашт, дар ҷануб бо ноҳияҳои Тоҷикобод ва Тавилдара ва дар шарқ бо ноҳияи Чон-Олойи Кирғизистон ва ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҳамсарҳад аст. Масоҳати ноҳияи Ҷирғатол 4580.1 км² ташкил медиҳад.
Мардум[вироиш]
Бино бар саршумори соли 2010 аҳолии ноҳия 55,7 ҳаз. тан бошанда доштааст.[2]. Аксарияти мардуми таҳҷоиро қирғизҳо ва тоҷикон ташкил медиҳанд. Мардуми ноҳияи Ҷиргатол ба забонҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ сухан мегӯянд.
Бахшбандӣ[вироиш]
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Лахш 1 шаҳрак (Ҷиргатол) ва 8 ҷамоат дорад.
Ҷамоатҳои ноҳияи Лахш | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Алға | 4267 | ||||||||||
Қашот | |||||||||||
Лахш | 5830 | ||||||||||
Муксу | 6818 | ||||||||||
Пилдон | 5111 | ||||||||||
Сартало | 17674 | ||||||||||
Сурхоб | 2367 | ||||||||||
Деҳоти Ҷиргатол | 12663 | ||||||||||
Янгишаҳр | 8786 [3] |
Ҳукумат[вироиш]
Сарвари ноҳияи Лахш Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ҷиргатол - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ҷиргатол ба муддати 5 сол интихоб мешавад.