Низоми иқтисодӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Низоми иқтисодӣ - ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ-конститутсионӣ маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки муносибатҳои иқтисодиро танзим менамояд.

Дар сатҳи конститутсионӣ ибораи низоми иқтисодӣ ба наздикӣ аз солҳои 70-уми асри XX пайдо шудаасг. Дар боби 2 Конститутсияи Ветнам соли 1992, моддаи 6 Конститутсияи ҶХХ с.1982 ибораҳои низоми ҷамъиятӣ-иқтисодӣ истифода шудаанд. Дар конститутсияҳои баъзе давлатҳои Амрикои Лотинӣ низ пешбинӣ шудааст. Масалан, моддаи 328 Конститутсияи Гондурас соли 1982 ин ибораро ба кор бурдааст. Чӣ тавре ки маълум аст, Конститутсияи ИҶШС (с.1977) ва Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон (соли 1978) боби дуюми худро ба низоми иқтисодӣ бахшида буданд. Дар ин бобҳо асоси иқтисодии давлат, шаклҳои моликият, усулҳои асосии муносибатҳои иқтисодӣ, мақсади асосии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва роҳҳои инкишофи онҳо нишон дода шуда буданд (ниг. ба моддаҳои 10-18 Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1978).[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 337