Николай Гогол
Николай Васильевич Гоголь | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: |
укр. Микола Васильович Яновський русӣ: Николай Васильевич Яновский |
Тахаллусҳо: | В. Алов, П. Глечик, Н. Г., ОООО, Г. Янов, N. N. ва *** |
Таърихи таваллуд: | 20 март (1 апрел) 1809[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 21 феврал (4 март) 1852[2][3] (42 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | намоишноманавис, муаррих, мунтақиди адабӣ, омӯзгор, шоир, насрнавис, публисист, нависанда |
Солҳои эҷод: | 1827 — 1852 |
Жанр: | драма, проза |
Забони осор: | русӣ[2][6][7] ва укройнӣ |
Имзо: | |
Осор дар сайти Lib.ru | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Никола́й Васи́левич Го́гол (русӣ: Николай Васильевич Гоголь; (фамилия ҳангоми таваллуд Яно́вский, аз соли 1821 — Го́гол-Яно́вский; 1 апрели 1809, деҳаи Великие Сорочини уезди Миргороди, вилояти Полтава — 6 марти 1852, Маскав) — драматург, шоир, мунаққид, публисист ва нависандаи рус.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Падараш Василий Афанасевич Гогол низ нависанда буд. Баъди хатми Гимназияи улуми олии шаҳри Нежин (1828) ба Санкт-Петербург омад.
Фаъолияти эҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1831–32 маҷмӯаи «Шабнишиниҳо дар хутори назди Диканка»-ро мунташир намуда, дар адабиёт маъруф шуд. Соли 1835 асари дигари ӯ – «Миргород», ки шомили повестҳои «Заминдорони куҳнапараст», «Тарас Булба», «Вий», «Моҷарои Иван Иванович бо Иван Никифорович», «Хиёбони Нева» ва «Ёддоштҳои марди савдоӣ» буд, ба нашр расид. Солҳои 1834–35 ходими хурди кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи Петербург. Соли 1836 дар моҳномаи «Современник» ду повести ӯ – «Фойтун» ва «Бинӣ» чоп шуда, мазҳакаи «Ревизор» рӯи саҳна омад. Гогол дар мақолаи «Фарҷоми «Ревизор» (1846) рози ин намоишномаро чунин шарҳ дод: «Аз ҳама даҳшатовар ҳамон муфаттишест, ки моро дар дарвозаи гӯр мунтазир истодааст». Солҳои 1836–48 дар хориҷа (Швейсария, Порис, Рим) зистааст. Соли 1842 ҷилди аввали «Ҷонҳои мурда»-ро нашр намуд. Гогол ният дошт, ки ин ҳамосаро дар се ҷилд такмил кунад. Моҳияти маънавии ин асар дар хотироти пеш аз марги нависанда ин гуна боз шудааст: «Ҷонҳои зинда бошад, на ин ки мурда. Роҳе дигар, ба ҷуз он, ки Исои Масеҳ ихтиёр намудааст, вуҷуд надорад»... Ҳамон сол дар Санкт-Петербург осори мунтахабаш (дар 4 ҷилд) чоп шуд, ки дар он мазҳакаи «Издивоҷ», повести «Шинел» ва ғайра нав буданд. Гогол соли 1843 ба таълифи китоби «Андешаҳо пиромуни ибодати Илоҳӣ» шурӯъ намуд (1857 чоп шуд), ки дар он маншаи ҷаҳонбинии хешро баён доштааст. Вироиши дубораи повести «Чеҳра» (1842) бозтобкунандаи ҷаҳонбинии маънавии Гогол гашт, ки дар он рассоме роҳиб мешавад (дар симои як зоҳиди гӯшанишин хонандаро бо рӯҳияи баландаш мафтун месозад). Ӯ дар ин асар гӯё барномаи зиндагии худро равшан сохт: бояд барои олам мурд, то ботини хешро аз нав сохт, сипас ба кору эҷод баргашт. Зимистони 1843–44 дар шаҳри Нитсе асари андарзиву ахлоқии «Равишҳои зиндагӣ дар ин олам»-ро навишт, ки аз лиҳози сабк ба суннатҳо ва муқаддасоти миллии рус наздик буд. Гогол соли 1845 ба буҳрони эҷодӣ рӯбарӯ шуд, вироиши нахусти ҷилди 2-и «Ҷонҳои мурда»-ро оташ зад ва кӯшиш кард, ки аз адабиёт даст кашида, ба дайр рӯ оварад. Маншаи ин буҳрон аз пайи тазодҳои ботинии ӯ миёни майлонҳои рӯҳонӣ ва истеъдоди нависандагияш маънидод шудааст. Соли 1847 асари «Мунтахабе аз мукотиба бо дӯстон»-и Гогол нашр шуд, ки ӯ андешаҳояшро дар бораи дин, калисо, ҳукумати шоҳии Русия ва мавқеи шахсии хеш баён дошт. Ӯ бо эътирофу пазириши назми ҳодисот барои тағйири ҷомеа ва навсозии инсон саъй кард. Ин китоб баҳсҳои шадидеро барангехт (аз ҷумла номаи маъруфи В. Гогол Белинский, 1947), зеро ба рӯҳияи он замон мухолиф буд (чунончи, аён шуд, ки аз диди Гогол дар зиндагӣ тамоми масоили иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ ва адабӣ мафҳуми динию ахлоқӣ доранд: масеҳият барои ӯ аз тамаддун афзалтар буд ва гарави асолати Русияву бузургтарин арзиши маънавии онро ба мазҳаби православӣ марбут медонист. Аҷобату асолати вижаи осори Гогол пеш аз ҳама дар пайванди табиии сабки ӯ бо суннатҳои фарҳанги мардум аст. Гогол дар осораш аз ривоёту сурудҳои мардумӣ, образҳо ва сужетҳои фолклорие истифода бурдааст, ки тавъам бо реализми табиӣ таркиби нотакрори бадеиро таҷассум кардаанд. Гогол ҳангоми зиндагӣ ҳамчун нигорандаи ҳаҷву мутояба шуҳрат дошт.
Паҳлуҳои эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Бисёре аз паҳлуҳои эҷодиёташ баъдан дарк шуданд. Ӯ нахустин намояндаи майлони мазҳабию ахлоқӣ буд, ки дар адабиёти рус нуфуз кард ва як давраи мукаммали он бо номи Гогол робита дошт. Тақр. дар ҳамаи жанрҳои адабии маъмули замони хеш эҷод намуда, муваффақ будааст. Аз ин рӯ, мунаққидон В. Гогол Белинский, А. И. Герсен, Н. А. Добролюбов, Н. Г. Чернишевский ва дигарон ба осору истеъдоди ӯ баҳои баланд додаанд. Дар осораш раванди таназзули иқтисодиву маънавиии Русияи подшоҳӣ, ноадолатию нобаробарии иҷтимоӣ ва пеш аз ҳама, носозгориҳои низоми крепостноӣ бо ҳаҷви тезу тунд, пурдард ва зарофати нишонрас тасвир ёфтаанд. Гогол тавонистааст, ки дарду ранҷи ҷомеаи хешро дар мисоли ҳокимони тасодуфию мансабпараст, ки ҷуз айшу ишрату найранг чизе дар сар надоранд, дар тасвири муҳити фақрзадаю бенизоми давронаш ошкор кунад (мазҳакаи «Ревизор»). Ба қавли мунаққид А. Герсен Гогол «...бо даҳони пур аз ханда тамоми сирру асрори ниҳонии қалби нопок ва бадкинаи амалдоронро беамон ошкор мекунад». Аммо дар бораи мардуми заҳматкашу халлоқ (инсонҳои хоксору боимон, ростгӯю ҷасуру адолатпеша) тасвири ӯ самимӣ аст. Повести «Тарас Булба» хусусияти барҷастаи ватандӯстии мардуми русро дар роҳи озодиву истиқлоли миллӣ бармало сохтааст.
Тарҷумаи осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Асарҳои Гогол ба забонҳои халқҳои гуногуни дунё баргардон шудаанд.
Тарҷумаи тоҷикӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Нахустин тарҷумони ӯ ба тоҷикӣ Сиддиқии Аҷзӣ буд. Вай соли 1927 повести «Шинел»-ро тарҷума кард, ки баъдан дар эҷодиёти худи ӯ низ бетаъсир намонд (достони «Анҷумани арвоҳ»). Таъсири осори Гогол дар эҷодиёти дигар нависандагони тоҷик (С. Айнӣ, П. Сулаймонӣ, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил ва дигарон) дида мешавад. Асарҳои ӯ «Ревизор» (1927), «Моҷарои Иван Иванович бо Иван Никофорович» (1953), «Иван Федрович Шпонка ва холаҷони ӯ» (1952), «Шабнишиниҳо дар хутори наздики Диканка» (1952), «Тарас Бульба» (1952), «Помешикҳои қадима» (1952) «Ҷонҳои мурда» (1955), ба тоҷикӣ баргардону чоп шудаанд. «Ревизор-и ӯ нахустин асар аз адабиёти классикии рус аст, ки дар саҳнаи театри тоҷик ба намоиш гузошта шуд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асарҳои мунтахаб, (иборат аз 3 ҷилд), Душанбе 1985–1986;
- Полное собрание сочинений и писем: В 23 томах. Т. 1. Москва, 2001; Т. 4. М., 2003 (нашр давом дорад).
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Белинский В. Гогол Назаре ба адабиёти русии соли 1847;
- Мактуб ба Гогол. Сталинобод, 1949;
- Табаров С. Гогол ва адабиёти тоҷик//Шарқи сурх. 1952, № 3;
- Сайфуллоев А. Асарҳои Гоголь ба забони тоҷикӣ//Тоҷикистони Советӣ, 1. 4. 1959;
- Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1980;
- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Виноградов И. А. Гоголь – художник и мыслитель: Христианские основы миросозерцания. М., 2000;
- Воропаев В. А. Гоголь над страницами духовных книг. М., 2002.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Гоголь // Большая российская энциклопедия (рус.) — М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
- ↑ 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Большая российская энциклопедия (рус.) — М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
- ↑ 4.0 4.1 Гоголь Николай Васильевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 5.0 5.1 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ CONOR.Sl
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Электронное научное издание (полное собрание сочинений Н. В. Гоголя в 14 томах, энциклопедические сведения и литература о нём)
- Николай Гогол дар китобхонаи Максим Мошков
- Биография и библиография на сайте org.ru Бойгонӣ шудааст 10 марти 2015 сол.
- Произведения Н. В. Гоголя на страницах библиотеки ImWerden
- Аксаков С. Т. «История моего знакомства с Гоголем»
- Гоголь, Николай Васильевич — Биография. Библиография. Высказывания
- Цитаты Николая Васильевича Гоголя, в том числе из произведений
- Биография Николая Васильевича Гоголя в проекте Люди России(пайванди дастнорас)
- Сайт, посвященный творчеству Н. В. Гоголя Бойгонӣ шудааст 9 марти 2016 сол.
- Сайт посвящен биографии и творчеству Николая Васильевича Гоголя
- Воропаев В. Из Рассказов о Гоголе. Русская Линия
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гогол Николай Василевич / Ш. Мирзоева // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.