Jump to content

Николай Веселовский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Никола́й Ива́нович Весело́вский (12 [24] ноябр 1848, Маскав[1]12 апрел 1918, Санкт-Петербург[1]) — бостоншинос, муваррих ва шарқшиноси рус. Яке аз муҳаққиқи таърих ва бостоншиносии Осиёи Марказӣ. Профессори Донишгоҳи Петербург (1890). Узви вобастаи АИ императории Санкт-Петербург (1914).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1869 ба факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Петербург дохил шуда, бахши арабӣ ва туркии онро соли 1873 хатм намуд. Аз авони донишҷӯӣ таърихи Осиёи Марказиро омӯхта, барои рисолаҳои нахустинаш (соли 1870) соҳиби медали тилои Донишгоҳи Санкт-Петербург гардид. Николай Веселовский дар мавзӯи «Очерки таърихию ҷуғрофии хонии Хева аз давраҳои қадим то замони мо» (1877) рисолаи илмӣ ҳимоя намуда, соҳиби унвони магистр гардид. Баъдан силсилаи мақолаҳои «Сулолаи Манғитиён дар Бухоро» (1878), «Асирони рус дар хониҳои Осиёи Миёна» (1879), «Қабул ва гусели сафирони Осиёи Миёнаи асрҳои 17 ва 18 дар Русия» (1884), «Рамазон дар Самарқанд ва иди Қурбон дар Бухоро» (1888), «Осори робитаҳои дипломатии Руси Маскав бо кишвари Порс» (1890), «Иван Данилович Хохлов — сафири рус дар Порс ва Бухорои асри 17» (1891) ва ғ.-ро навиштааст. Николай Веселовский аз соли 1881 ба ҳайати бостоншиносии императорӣ дохил гардида, соли 1884 барои омӯхтани таъриху маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ ба Туркистон омад. Ӯ бо супориши махсуси ҳайати бостоншиносӣ (соли 1885) роҳбари ҳафриёти харобаҳои шаҳристони Афросиёб (дар наздикии Самарқанд) таъйин шуда, осори гуногуни аҳди қадим, аз ҷумла боқимондаи деворҳои хиштиву гилии хонаҳо, чоҳу ҳавзҳои обёрӣ ва ашёи ороиширо пайдо намуд. Николай Веселовский баробари ҳафриёти бостоншиносӣ омӯзиши ёдгориҳои меъмории Самарқандро идома дода, бо гурӯҳи меъморону рассомон тарҳи рангаи масҷиди Бибихонум ва мақбараи Гӯри Мирро ба чоп омода кард. Бо кӯшиши ӯ соли 1905 маҷмӯи маъхазҳо ва расмҳои ёдгориҳои меъмории Самарқанд дар шакли албоми ҷудогона нашр гардид. Ӯ ҳамчунин навиштаҷот ва катибаҳои мунаққаши мақбараи Амир Темурро тафсир кардааст. Николай Веселовский баъдан дар қӯрғонҳои Майкоп ва Солоха ҳафриёт карда, бо боз ёфти мадфани пешвои скифҳо ба тамаддуни Майкоп саҳифаҳои тозаеро афзуд. Николай Веселовский дар поёни умраш қӯрғонҳои Адигейро ҳафр намуда, дафинаеро пайдо намуд, ки таърихи 5-ҳазорсола дорад.

  • Мечети Самарканда. СПб., 1905.
  • Веселовский Николай Иванович / Б. Абдураҳмонов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.