Jump to content

Бостоншиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бостоншинос)
Бостоншиносони итолиёӣ дар ҳоли кор дар Рум

Бостоншиносӣ, археология (юн.-қад. ἀρχαῖος «бостон, қадим» + λόγος «шинохт, омӯзиш») —— илмест, ки таърихи ҷамъияти инсониро дар асоси ёдгориҳои маданияти моддӣ меомӯзад. Ба маънии васеъ онро таърихи замони гузашта низ меноманд. Усули асосии омӯзиши ёдгориҳои археологӣ ҳафриёт аст. Бостоншиносӣ асбобу афзор ва маҳсулоти истеҳсолӣ (иморат, силоҳ, зарф, масолеҳи ороишию зиннатдиҳӣ, осори санъат ва ғ.); бозёфтҳои алоҳида ва маҷмӯи ҳодисаҳо, хосиятҳо ё чизҳои алоҳида тадқиқшуда (қарияҳо, хазинаҳо, қабристонҳои қадим, устохонаҳо, конҳо ва ғ.)-ро, ки дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ ба даст омадаанд, мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Дар анъанаи илми муосири хориҷӣ (пеш аз ҳама барои мамолики англисзабон бештар хос аст), бостоншиносӣ нисбатан васеътар чун илми таҷдиди ҳаводиси пешин фаҳмида мешавад. Дар чунин таъбиру маънидод он на танҳо тадқиқи натиҷаи моддии фаъолияти одам, балки якқатор фанҳои муҷовир чун палеоантропология ё археозоологияро фаро мегирад. Бостоншиносӣ инчунин ба таҳқиқи ҷасади одамони қадим, ҳайвон ва боқимондаи растанӣ, ки омӯзишашон ба таҷдиди хусусияти тарзи зиндагӣ дар замонҳои қадим мусоидат мекунад, машғул аст.

Асоси омӯзишӣ дар бостоншиносӣ ёдгориҳои археологӣ, аз ҷумлаи ашёи рӯзгор, иншоот, қабристон ва амсоли инҳо мебошанд, ки дар сатҳи замин, зери замин ё об боқӣ мондаанд ва чун манбаи таҳқиқ мавриди кор қарор мегиранд. Мафҳуми дигари бостоншиносӣ маданияти археологӣ мебошад. Мафҳуми муҳими сеюм — қабати мадании замин аст, ки боқимондаи фаъолияти одамро нигоҳ медорад.

Манбаъҳои шайии бостоншиносӣ (дар муқоиса бо ёдгориҳои хаттии қадим) марҳалаи дарозтари таърихи ташаккули инсоният (зиёда аз 2 млн сол)-ро фаро мегиранд. Аксаран манбаъҳои археологӣ барои таъбиру тафсир хеле мураккабу номуносибанд, зеро таъсири харобкунандаи равандҳои табиӣ ба онҳо расида, дар бисёр мавридҳо иттилои нопурра медиҳанд. Таснифоти нисбатан паҳншудаи манбаъҳои археологӣ, ки тарафҳои гуногуни фаъолияти одамро инъикос менамоянд, ёдгориҳои вобаста ба маросими дафн, хазинаҳо, бозёфтҳои алоҳидаи тасодуфӣ ва дигар ёдгориҳои динӣ мебошанд. Бостонишинсии саканавӣ (муқимӣ) ҳафриёти қарияи куҳан (маскан ё таваққуфгоҳ, деҳа, шаҳр ва ғ.), сохтор ва тарҳкашии манзил ва комплексҳои онро меомӯзад. Бостонишинсии маросими дафнӣ тасаввурот дар бораи ҳаёт, марг ва мавҷудияти баъдимаргиро тадқиқ менамояд. Бостонишинсие, ки ба тадқиқи ёдгориҳои маросимӣ (дафнӣ) машғул аст, маълумоти таърихӣ-этнографӣ оид ба идеологияи давраи ибтидоӣ ва пеш аз таърихиро таҳқиқу ҷамъбаст намуда, масъалаҳои пайдоиши санъати тасвириро дар мисоли тасвироти рӯи санг, ҳайкалсозӣ, пайкарасозии хурд, нақшунигор ва ғ. меомӯзад.

Таснифоти дигари маъмули бостоншиносӣ ба принсипҳои тафриқаи солномавии маданияти археологии давраи қадим вобаста аст, мас. Бостонишинсии асри санг маданияти моддии замони палеолит, мезолит, неолитро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Намудҳои дигари системаи тахассусии бостоншиносӣ низ вуҷуд доранд; чунончи аз рӯи аломатҳои этникӣ ё давлатҳои алоҳида ва соҳаҳои маданӣ-таърихӣ. Бостонишинсии зериобӣ бо омӯзиши бозмондаҳои киштиҳои даврони пеш дар об ғарқгардида ва бошишгоҳҳои зери об монда машғул аст. Бостоншиносӣ бо якқатор фанҳои махсуси таърих: археография (осори хаттӣ), палеография (таърихи хат), эпиграфика (катиба), дипломатика, сфрагистика (мӯҳршиносӣ), глиптология (наққорӣ), гералдика (тамғашиносӣ), нумизматика (сиккашиносӣ), ангеиолгия, метрология (чену вазн) зич алоқаманд аст. Аз байни илмҳои муҷовир бо бостоншиносӣ антропология, этнология ва таърихи санъат бештар вобаста мебошанд. Мавзӯи бостонишинсии муосир ҷамоати қадим бо ҳамаи ҷанбаҳои муштараки моддӣ, маънавӣ, этногенетикӣ, иҷтимоии он мебошад.

Бостоншиносӣ усулҳои хоси тадқиқ дорад. Масалан усули стратиграфӣ ба омӯзиши қабатҳои маданӣ машғул аст; ашёи бозёфтшуда аз рӯи таъйинот, вақт ва ҷойи истеҳсол; усули типологӣ барои таснифи тақвимӣ ва фазоӣ зарур аст, усули трассологӣ аҳамият ва вазифаи силоҳро муайян месозад. Маъмулан барои таҳлили маводи археологӣ аз усули омори математикавӣ истифода мебаранд. Дар бостонишинсии муосир усулҳои табиию илмӣ аз қабили иктишофи электромагнитӣ, радиокарбонӣ, калий-аргонӣ, палеомагнитӣ, термолюминестсентӣ, спектроскопӣ, ултрофиолетӣ, таҳлили рентгеноспектралӣ, микроскопияи электронӣ ва ғ. хеле васеъ истифода мешаванд. Барои муайян кардани мутобиқати дақиқи объектҳои тадқиқшаванда аз дастгоҳҳои навтарини радифӣ кор гирифта мешавад. Тадқиқоти байнифаннӣ ҳам дар бостонишинсии муосир нақши муҳим мебозанд. Палеоантропология масъалаҳои пайдоиш ва тарзи зиндагии одамони қадимро бар асоси боқимондаҳои устухони одам, археоботаника ва археозоология бозмондаҳои растанӣ ва ҳайвонотро мавриди тадқиқ қарор медиҳанд. Таҳлилҳои изотопӣ ва химиявӣ имкон медиҳанд, ки ғизои одамони қадим муайян карда шавад ва палеопаталогия бошад, ба омӯзиши бемориҳои одамони қадим машғул аст.

Таърихи бостоншиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Истилоҳи бостонишинсиро бори аввал Афлотун (садаи 4 то м.) ба маънои «таърихи қадим» кор фармудааст. Ба маънои ҳозира баъдан он дар Рими Қадим (мас, аз ҷониби Плинийи Калонӣ) чун вожаи «antiguitates» пайдо шуд. Фақат дар садаи 16 дар Аврупои Ғарбӣ ҳарду ифода барои нишон додани ҳаёт ва маишати замони гузашта ва дар садаи 19 ба сифати қисмати илм оид ба замони атиқаи классикӣ ба кор бурда шуданд. Мавзӯи омӯзиши бостоншиносӣ ва таърих як аст — ҳар ду боқимондаи осори қадимро меомӯзанд. Андӯхтани донишҳои археологӣ хеле пештар аз танзими тасаввуроти назариявӣ шурӯъ шуд. Шоҳи Бобул Набонид ҳанӯз садаи 6 то м. фармон дода буд, ки катибаҳоро оид ба ҳокимони пешин аз деворҳои кӯҳна ҷамъ оваранд. Олими Рим Лукретсий асрҳои санг, биринҷ ва оҳанро вориди таърих намуд. Замони атиқа аз ҷамъоварии навиштаҷоти болои сангҳо оғоз ёфт. Аз ғаниматҳои ҷанг (ҷому коса, шамшер, дигар асбобу афзор) дар Риму Юнон аввалин коллексияҳои шахсӣ ба вуҷуд омаданд. Чунончӣ, римиҳо коллексияи мӯҳрҳои шоҳи Понт Митридат Евпаторро ба маъбади Юпитери Капитолӣ супурданд ва минбаъд аксар асбобу анҷоми қиматбаҳо ба коллексияҳои ҳокимони давр дохил гардид. Дар Рим аввалин коллексионер Павели II (1464 — 71) ба шумор мерафт, Папа Сикст VI (1471 — 84) осорхонаи Капитолиро ташкил намуд. Соли 1478 Помпоний Лето дар Квиринали Рим Академияи ашёҳои қадимро таъсис дод. Дар садаи 16 таҳти таъсири ғояҳои башардӯстӣ ва ислоҳот нуқтаи назар нисбат ба бостоншиносӣ тағйир ёфт. Баробари омӯзиши осори қадимии классикӣ, таваҷҷӯҳ ба тадқиқи ёдгориҳои қаблинасронӣ (ғор ва хонаҳои зеризаминӣ) бештар гардид. Дар садаҳои 17 — 18 теъдоди ҳафриёти ёдгориҳои археологӣ афзуд. Соли 1765 дар Неапол Академияи Эрколанезӣ ташкил ёфт. Дар садаи 18 таърихшиноси немис И. Винкелман маводи кофтукови Помпейро таснифбандӣ ва нашр намуд, ки ба рушди бостонишинсии атиқа мусоидат кард. Солҳои 1761 — 62 ашёшиноси англис Ҷ. Стюарт тадқиқоти Афинаи Қадимро ба нашр расонд. Соли 1828 дар Рим Институти археологӣ кушода шуд, соли 1829 бо фармони шоҳзода Люсен Бонапарт дар Юнон як силсила ҳафриёт анҷом дода шуданд. Соли 1836 археологи даниягӣ К. Томсен ба асоси маводи мавҷудаи археологӣ бори аввал тақсимоти тақвимии таърихи қадимаи инсониятро ба се аср — санг, биринҷ ва оҳан илман асоснок кард ва ин таснифотро шогирдаш И. Ворсо такмил дод. Археологҳои франсавӣ, австриягӣ ва немиси нимаи дуюми садаи 19 дар Юнон, Тунис ва Осиёи Хурд як силсила ҳафриёти бомуваффақият анҷом доданд. Соли 1881 Институти археологии Бостон мактаби классикии бостонишинсиро дар Афина таъсис дод. Археологи франсавӣ Г. де Мортиле мафҳуми қабатро иқтибосан аз геология ба бостоншиносӣ оварда, таснифоти тақвимии давраи қадимаро мукаммал гардонд. Соли 1865 археолог ва этнографи англис Ҷ. Леббон асри сангро ба палеолит (асри қадимаи санг) ва неолит (асри нави санг) тақсим кард. Археологи франсавӣ Э. Петт давраи гузариш — мезолит (асри миёнаи санг)-ро кашф кард. Археологи немис В. Дёрпфелд ҳангоми кофтукови Олимп тарзҳои нави муқарраркунии объектҳои кашфшавандаро пешниҳод намуд, ки ғояи қабати сохтмонӣ ба ӯ тааллуқ дорад. Олими швед О. Монтелиус усули типологиро барои тадқиқи бозёфтҳои моддии маданӣ ба кор бурд. Дар асоси ин усул археологи франсавӣ Ж. Дешелет ибт. садаи 20 корҳои ҷамъбастиро доир ба археологияи Аврупои Ғарбӣ ба табъ расонд. Кашфиёти олими англис О. А. Лэйярд (ҳафриёт дар Нимруд, ки он ҷо барзаговҳои болдор ва нақши муқарнас ёфт шуданд, дар Ниневӣ бошад, китобхонаи бо ҷадвалҳои хати мехӣ навишта пайдо гардид), тадқиқотчии немис Г. Шлиман, археологҳои англис Г. Картер ва Л. Вулл майлу рағбати ҷамъиятиро ба бостоншиносӣ ба вуҷуд оварданд. Дар а 20 дар инкишофи бостоншиносӣ бостоншиноси чех Л. Нидерле, франсавӣ Анри Брейл, олимони англис Г. Чайдл, Ҷ. Гарстанг, Ф. Петри, америкоиҳо бостоншиносӣ Кидлер, А. Крёбер, археологи швед Н. Оберг ва дигарон саҳм гузоштанд. Дар Россия садаҳои 17 — 18 ба бостоншиносӣ бештар таваҷҷӯҳ намудаанд. Ҳамин айём дар Сибир аввалин артелҳо оид ба кофтукови теппаю пуштаҳо созмон ёфтанд. Соли 1718 Пётри I дар бораи бунёди Кунсткамерҳо — нахустин махзанҳои осорхонавӣ фармон содир кард, ки дар онҳо бозёфтҳои замони пешин ҳифз мегардиданд. Соли 1722 Д. П. Мессершмидт дар Россия нахустин бор дар ҳудуди Сибир ҳафриёт гузаронд ва минбаъд ин иқдомро Г. Миллер (1734), П. Паллас (1772) давом доданд. Соли 1846 дар Санкт — Петербург Ҷамъияти археологии Россия таъсис ёфта, дар дигар шаҳрҳо комиссияю осорхонаҳои марбута арзи вуҷуд карданд. Соли 1919 дар заминаи Комиссияи археологӣ Академияи таърихи маданияти моддӣ таъсис ёфт, ки соли 1937 Институти таърихи маданияти моддии АИ СССР ва аз соли 1959 Институти археологияи АИ СССР ном гирифт.

Дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон ва умуман Осиёи Миёна корҳои археологӣ пас аз ҳамроҳ шудан ба Россия сар шуданд. Омӯзиши илмии таърихи атиқаи Тоҷикистон хусусан баъд аз таъсиси Энспедитсияи археологии Тоҷикистон (ЭАТ, 1946) авҷ гирифт. Ҳозир дар ҷумҳурӣ бисёр ёдгориҳои давраи палеолити поён (маданияти Қайроққум 50 — 40 ҳ. Кулдараи Ховалинг (800 ҳ), Лоҳутӣ (500 ҳ) дар Ховалинг, Шаршар (200 ҳ) ва ғ.,) палеолити миёна (қароргоҳи Оғзикичик), неолит (Тутқавули Кӯлоб) ва ғ. дар ҳоли омӯзишанд. Барои омӯхтани асри биринҷӣ ҳафриёти бошишгоҳҳои Қайроққум, камари Оқтангии ноҳияи Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), Тандурел ноҳ. Турсунзода, Душанбе, Тошгузар (Данғара) ва махсусан Ғелоти Кӯлоб аҳамияти калон доранд. Дар адабиёти таърихӣ то ба ҳол ақидае вуҷуд дошт, ки тамаддуни кишоварзӣ дар Тоҷикистони Ҷанубӣ дар нимаи ҳазораи дуюм ва авв. ҳазораи якум пайдо шудааст. Кашфиёти қабристони мардуми кишоварз дар Кӯлоб нишон дод, ки дар садаи 3 то м. дар ин ҷо одамон ба кишоварзӣ машғул буданд ва ин минтақа таърихи на кам аз 5-ҳазорсола дорад. Дар Суғд тамаддуни кишоварзон дар Саразм, ки ба ҳазораи 4 то м. нисбат дорад, ҳамаҷониба омӯхта шудааст. Бозёфтҳои Кӯлоб, Саразм таърихи тамаддуни халқи тоҷикро ба садаи 6 — 5 то м. мерасонанд. Дар садаи 3 — 2 то м. шаҳрҳо ва давлати Каёниён арзи вуҷуд менамояд. Дар садаи 2 то м. ориёиҳо аз минтақаҳои Тоҷикистони имрӯза ба Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо мераванд. Омӯзиши шаҳркадаҳои Тахти Сангин бостонишинсиҳои 6 — 1 то м., Қалъаи Мир садаи 4 — 3 то м., Кайқубодшоҳ, Кӯлоб, Ёвон ва водии Вахшу Ҳисор маълум сохтанд, ки дар ин давра давлати бузурги Ҳахоманишҳо вуҷуд дошт ва Бохтар дорои ҳазор шаҳр буд.

Омӯзиши Тахти Сангин нишон дод, ки халқи тоҷик аз садаи 4 то м. то садаи 5 м соҳиби маданияти хосе будааст. Таҳқиқот дар ин бахш ҳамчунин собит намуд, ки Тахти Сангин маркази динии ориёиҳо — Ориёнвиҷ (Ориёно Васҷа) аст. Дар ин ҷо маъбади рамзии обҳои дунё Доитиёи нек вуҷуд дошт. Соли 2007 Президенти ҶТ баъди ҳафриёти Тахти Сангинро дидан, омӯзиши васеъ ва доманадору дақиқи онро супориш дод. Ҳафриёти ин ёдгории нодир нишон дод, ки Хизонаи Амударё моли ин маъбад аст. Аз рӯи маводи димнаи Қалъаи Мир, Саксонохур, Балдойтеппа ва ғ. таърихи ҷамъияти синфии Бохтари Шимолӣ омӯхта ва саромади маданияти зироаткории поёноби Кофарниҳон ва Вахш муайян карда шуд. Оид ба маданияти қабилаҳои нимбодиянишини замони атиқа ва садаҳои миёна, маводи қабристонҳои Помир, водиҳои Бешкенту Вахш, ноҳияҳои Ашту Исфара гаронбаҳоянд. Дахмаҳои водии Бешкенту Помири Шарқӣ имкон доданд, ки роҳи ҳиҷрати қабилаҳои Кушонӣ дар садаҳои 2 — 1 то м. Ба Ҳиндустон муайян шавад. Дар омӯзиши шаҳрҳои асримиёнагӣ, иқтисод ва маданияти онҳо хусусан натиҷаҳои ҳафриёти харобаҳои Панҷакенту Бунҷикат ва деҳаҳои Гардани Ҳисор аҳамияти калон доранд. Харобаҳои Панҷакент аз соли 1946 сар карда илми бостоншиносиро бо маводи гаронбаҳо оид ба топографияи шаҳр, санъати меъморӣ, бинокорӣ, санъати тасвирию муҷассамасозӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти шаҳр бой карданд. Ҳафриёти Бунҷикат ва кӯшкҳои атрофи он низ оид ба санъати меъморӣ, кандакорӣ, деворнигораҳо ва ғ., ҳунармандии серсоҳа маводи гаронбаҳо доданд. Ҳафриёти дайри буддоии Аҷинатеппа дар назди Қӯрғонтеппа бо ёдгориҳои серадади тасвирот ва муҷассамасозиаш имкон дод, ки мавқеи дини буддоӣ дар таърих ва маданияти тоҷикони садаҳои 7 — 8 муайян шавад. Омӯзиши Қалъаи Болои назди Исфара, Чилҳуҷраи ноҳиияи Ӯротеппа, қалъаҳои Помири Ғарбӣ ва Тоҷикистони Шимолӣ оид ба таърихи истеҳкомҳои ҳарбии тоҷикон маводи фаровонеро барои илми бостоншиносӣ гирд оварданд. Дар бораи шаҳрҳои давраи авҷи феодализм баъзе маълумотро маводи Ҳулбук, Сайёд, Хуҷанд, Конибодом ва ӯротеппа доданд. Ҳулбук аз ҷумлаи шаҳрҳои замони Сомониён аст, ки аз соли 1953 то ин давра омӯхта шуда, дар бораи ш-ҳои садаҳои 9 — 11, сохти диж, қасру боргоҳ, шаҳристон, работ, меъморӣ, некӯаҳволӣ, гармоба, раставу бозорҳо, корвонсаройҳо, санъатҳои ҳунармандӣ, савдо ва ғ. маълумоти нодир медиҳад. Маводи Ҳулбук ва Сайёд нишон доданд, ки санъати гулбурӣ дар гач хеле равнақ дошт. Дар гачкориҳои Ҳулбук расмҳои шер, парандагон, оҳуи кӯҳӣ ва даштӣ хеле моҳирона тасвир шудаанд. Дар деҳаи баландкӯҳи тоҷирон ва маъданканони Бозордара (садаҳо 10 — 11) матоъҳо, ашёи чармию пашмӣ ва ҳуҷҷатҳои хаттӣ боқӣ мондаанд.

Маълумоти ғанӣ дар мавриди таърихи маъданканӣ ва металлургия ба даст омад ва имконият дод, ки дараҷаи тараққиёти кӯҳканӣ, техникаи он, таҷрибаи маъданҳосилкуниро муайян намоем. Таҳқиқи системаи қадимаи обёрии водии Вахш ва Истаравшан, омӯзиши технологияи касби кулолии Осиёи Миёна оғоз ёфт. Дар даврони муосир бостоншиносон ба муҳим будани ин соҳаи илм таваҷҷӯҳи боз ҳам бештаре зоҳир намуда, таҳти роҳнамоии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ қариб дар тамоми манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳулбук, Саразм, Кӯлоб, Бозордара, Мағораи Шахта, Хоҷа Машҳад, Тахти Сангин, Тандурйел, Шугнов, Тутқавул, Оқтангӣ, Қайроққум, Тошгузар, Қалъаи Мир, Аҷинатеппа, Тӯлхор, Саксанохур, Балдойтеппа, Кайқубодшоҳ, Қалъаи Боло, Чилҳуҷра, Гардани Ҳисор, Панҷакент, Бунҷикат ва амсоли инҳо ба ҳафриёту таҳқиқ машғуланд.

Ҳар сол натиҷаҳои ҳафриёти дар мамлакатамон анҷомдодашуда дар маҷмӯаи «Археологические работы в Таджикистане» чоп мешаванд. Дар омӯзиши археологии Тоҷикистон саҳми олимон А. Ю. Якубовский, М. М. Дяконов, А. М. Беленитский, А. П. Окладников, Б. А. Литвинский, А. М. Манделштам, Н. Н. Неъматов, В. А. Ранов, Е. А. Давидович, Б. Я. Ставиский, М. А. Бубнова, Т. И. Зеймал, Ю. Ёқубов, А. Исҳоқов, А. Ҷ. Бобоев, Ӯ. Пулодов, А. Мирбобоев, Т. Филимонова, Н. Раҳимов, А. Юсупов, Е. Салтовская, Ш. Қурбонов, Г. Хуҷагелдиев ва дигарон бузург аст.