Николай Попов
Попов Николай Анатолевич | |
Таърихи таваллуд | 24 сентябр 1980 (44 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон |
Попов Николай Анатолевич (зод. 24 сентябри 1980, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, номзади илҳмои иқтисод (2009)[1]. дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Попов Николай Анатолевич 24 сентябри соли 1980 шаҳри Душанбе ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Николай Попов баъд аз бо дипломи аъло хатм кардани Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон бо ихтисоси «Иқтисодчӣ» худи ҳамун сол ҳамчун муаллими коромӯзи кафедраи «Таърихи хоҷагии халқ ва афкори иқтисодӣ», солҳои 2002—2006 ассистенти кафедраи мазкур ва солҳои 2006—2010 муаллими калони кафедраи «Бозори меҳнат ва иқтисоди таҳлилӣ»-и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст.
Инчунин солҳои 2003—2007 ҳамчун аспиранти шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи мазкур таҳсил намудааст ва рисолаи номзадии худро тайёр намуда 20 ноябри соли 2009 онро бо муваффақият дар назди Шӯрои диссертатсионии Институти тадқиқоти иқтисодии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ҳимоя намуд.
Николай Попов аз моҳи августи соли 2010 мутобиқи фармони ректор муовини декан оид ба таълим дар факултети Молия ва ҳисобдории Донишкадаи молияи Тоҷикистон таъйин шуда фаъолият менамуд. Моҳи феврали соли 2011 ба тариқи интиқол декани Факултети ҳисобдорӣ ва технологияҳои иттилоотӣ интиқол шуда то соли 2012 фаъолият намудааст. Аз сентябри соли 2012 то ҳол декани факултети Муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ фаъолият намуда истодааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Николай Попов дар корҳои илмию тадқиқотӣ фаъолона ширкат варзида, аз тарафи ӯ беш аз 27 мақолаву корҳои илмӣ ва зиёда аз 16 корҳои таълимию методӣ, аз ҷумла дар соҳаи иқтисодиёт ва зиёда аз 10 дастурҳои таълимию методӣ ва барномаҳои таълимӣ ба чоп баромадданд. Николай Попов дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, байналхалқи ва семинарҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ иштирок ва баромад намудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Попов, Н.А. Особенности развития малого предпринимательства в переходной экономике Республики Таджикистан [Текст]: дис. ... канд. экон. наук: 08.00.01 / Попов Николай Анатольевич. – Душанбе, 2009. – 134 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Попов, Николай Анатольевич. Особенности развития малого предпринимательства в переходной экономике Республики Таджикистан. disserCat — электронная библиотека диссертаций (2009).