Jump to content

Абдулҳамид Нозимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Нозимов Абдулҳамид)
Абдулҳамид Нозимов
Абдулҳамид Абдуалимович Нозимов
Таърихи таваллуд 24 декабр 1957(1957-12-24) (67 сол)
Зодгоҳ Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии шаҳри Саратов ба номи Н.Г. Чернышевски
Ҷоизаҳо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995), Медали “Созмони ҳамкории Шанхай» (2020); Медали «Хидмати шоиста» (2020)

Абдулҳамид Абдуалимович Нозимов (тав. 24.12.1957, шаҳри Кӯлоб) — олим, филолог, доктори илмҳои филологӣ (2010), профессор (2011), узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия (2009), узви пайвастаи Шуъбаи тоҷикистонии Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2010), узви пайвастаи Академияи байналмиллалии технологияҳои иҷтимоии Россия (2012). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995), Медали “Созмони ҳамкории Шанхай» (2020); Медали «Хидмати шоиста» (2020).


Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1975–1980 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Саратов ба номи Н.Г. Чернышевски таҳсил кардааст. Солҳои 1980–1992 ассистент, муаллими калон, дотсент, иҷрокунандаи вазифаи профессор ва мудири кафедраи адабиёти рус ва хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб, ҳамзамон 1982–1983 коромӯз-тадқиқотчӣ, 1983– 1986 аспиранти Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Москва ба номи В.И. Ленин буд. Солҳои 1992–2003 ҳамчун декани факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, 2003–2004 муовини декани факултети саноати сабуки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба таълим, 2004–2005 декани факултети технологияҳои информатсионӣ-коммуникатсионӣ, 2005 декани факултети тайёрии фундаменталӣ, 2006 мудири кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳи мазкур кор кардааст. Солҳои 2006–2008 ҳамчун декани факултети забон ва адабиёти рус, 2008–2009 муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, 2009–2010 сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз соли 2009 инҷониб муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оид ба корҳои илмӣ мебошад. Аз соли 2010 то соли 2011 дар вазифаи муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тољикистон ба номи С. Улуғзода, аз соли 2011 то соли 2013 мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2013 то соли 2015 директори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбе, соли 2015 сарходими илмии Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, солњои 2015- 2021 дар филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ “МИСиС» дар шаҳри Душанбе ва аз соли 2021 дар вазифаи профессори кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.

Ҷаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи зиёда аз 5 асар, 130 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ, инчунин 4 китоби дарсӣ мебошад. Дар таълифотҳои худ масъалаи алоқаҳои адабии муосир, вазъи забон дар ҷомеа, забонҳои аққалиятҳои миллӣ ва масъалаҳои сотсиологвистии муосири Тоҷикистонро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Таҳти роҳбарии номбурда 10 нафар номзади илм ва 2 доктори илм рисолаҳои илмиашонро дифоъ намудаанд.

  • Языки диаспор в Таджикистане, Куляб, 2000;
  • Пособие по русскому языку: Для студентов неязыковых факультетов (Упражнения по морфологии и синтаксису), Д., 2006;
  • Пособие по русскому языку: Для студентов заочного обучения неязыковых факультетов, Д., 2006;
  • Практический курс русского языка: Учебник для вузов Республики Таджикистан, Д., 2010;
  • Национально-языковая характеристика современного Таджикистана, Д., 2010;
  • Русский язык в системе образования стран СНГ // В кн. Русский язык и литература в государствах Средней Азии, Д., 2005;
  • Система формирования языковой компетентности – важный фактор инновационного развития Таджикистана // В кн. Пространственная интеграция вузов СНГ, М., 2007;
  • Особенности современных исследований языковой ситуации в Средней Азии (на примере Таджикистана) // В кн. Состояние и перспективы методики преподавания русского языка и литературы, М., 2008.
  • Таджикский язык: Учебник для студентов русских групп неязыкових специальностей. Д., 2015;
  • Практический курс русского языка: Для студентов 1-3 курсов национальних групп. –Д., 2017;
  • Учебний словарь экономических терминов. – Д., 2019;
  • Русский язык: Учебник для студентов неязыкових специальностей. – Д., 2020;
  • Характеристика и функционирование языков в Таджикистане. – Д., 2021;
  • Забони тоҷикӣ: Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни русзабони ихтисосҳои техникӣ. – Д., 2021.

Мукофоту ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995), медали «Маориф бе сарҳад»-и Ташкилоти Ҳамкории Шанхай (2010) Медали “Созмони ҳамкории Шанхай» (2010); Нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019); Ордени “Ситораи Сурх» бахшида 30-солагии баровардани қушунҳои шуравӣ аз Афғонистон (2020); Медали “Созмони ҳамкории Шанхай» (2020); Медали “Хизмати шоиста (2020) ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.