Нозияи Кароматулло

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Нозияи Кароматулло
Қурбонова Нозия Кароматуллоевна
Санаи таваллуд

7 феврал 1988(1988-02-07) (31 сол)

Зодгоҳ

шаҳри Душанбе, Тоҷикистон

Солҳои фаъолият

2010 — то ҳол

Кишвар
Касб(ҳо)

овозхон

Асбоб

вокал[d]

Сабк

мусиқии попи тоҷикӣ

Номи мустаъор

Нозияи Кароматулло

Нозияи Кароматуллоҳ (форсӣ: نازیه کرامت الله‎; 7 феврали 1988, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — овозхони тоҷик. Ӯ аз овозхонони саршинос дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Шри-Ланка мебошад.

Зиндагинома[вироиш]

Нозияи Кароматулло 7 феврали соли 1988 дар Душанбе дар хонаводаи овозхони саршиноси тоҷик Кароматулло Қурбон ба дунё омадааст. Соли 2005 мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваро хатм кардааст. Сипас дар шаҳри Деҳли ба курси академии дипломӣ оид ба вокал ва рақс дохил шуда, соли 2010 Консерваторияи Ҳиндустонро бо дипломи аъло хатм кардааст[1]. Шӯҳрати Нозия аз солҳои 2010 дар байни мардуми суруддӯст баланд шудааст. Ҳунарнамоиҳои ӯ дар телевизиону радиоҳои ватанӣ бисёр намоён шуд ва мардум сурудҳои ин санъаткорро бо ишқу муҳаббат гӯш мекунанд. Ҳоло Нозияи Кароматулло узви ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бародараш Муҳаммадрофеъи Кароматулло роҳбари бадеии ҳамин ансамбл мебошанд.[2]

Дастовардҳо[вироиш]

Соли 2007 дар озмуни рақси классикии «Kathak» дар Ҳиндустон ғолиб дониста шуд[3].

Пайвандҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Нозияи Кароматулло(рус.). clips.tj. 7 феврали 2018 санҷида шуд.
  2. Зодрӯзи ҳунёгари нотакрор(тоҷ.). tajikistantimes.com (29 ноябри 2018). 29 ноябри 2018 санҷида шуд.
  3. Нозияи Кароматулло соҳиби духтарча шуд | Ҳабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus(тоҷ.). Проверено 7 феврали 2018.