Номи шахсӣ
Номи шахсӣ, номи инсон ё номи пурра ё ном ва номи хонаводагӣ (дар Эрон) — номе аст, ки барои ҳувияти бахшӣ ба як инсон дода мешавад, ки дар фарҳангҳои гуногун, сохтори гуногун дорад. Он албатта аз номи шахсӣ ва номи хонаводагӣ (насаб) иборат аст.
Таркиби номи пурра
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар забони тоҷикӣ чун дар забони русӣ аз номи шахсӣ, номи падарӣ ва насаб иборат аст. Аз ҷумла он метавонад аз унвон, (ҳ.ч. диниро) дараҷаи илмӣ, мақом ва рақами тартибӣ иборат бошад. Дар баъзе халқиятҳо насаб истифода намешавад. Номҳои миёнаро низ дар ҳама халқҳо вохӯрдан мумкин аст.
Номи шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Номи шахсӣ — воҳиди ҷамъиятзабоншиносӣ, зернамуди исми хос, фарқкунанда (идентификатори) асосии забонии инсон.
Номи қавмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Номи қавмӣ — қисми номи пурра, ки маълумотро дар бораи пайдоиши инсон дар бар мегирад. Ҳоло танҳо як номи қавмӣ — насаб, истифода мешавад. Дар гузашта дигар шаклҳои навишти иттило дар бораи гузаштагони шахс дар номи инсон истифода мешуданд.
Номҳои дуюм
[вироиш | вироиши манбаъ]Тахаллус ва лақабҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Номҳои нисбӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъзе намудҳои сохторҳои «номи инсон» номҳои нисбӣ мебошанд, ки аксаран дар забонҳои арабӣ истифода мешаванд, гарчанде ки забонҳои форсӣ дар гузашта ин сохторро зиёд истифода мекарданд.
Сохтор
[вироиш | вироиши манбаъ]Он аз номи падар ё номи писари калонӣ (ё номи ҳар касе, ки шиноси наздик сат) ҳамроҳ бо баёнияи нисбат сохта мешавад, гарчи метавонад печидатар бошад ва масалан аз номи шахсии писар ва номи шахсии падар ва номи бобо бо ишорати нисбат (ибн, бин) иборат бошад. Мисол Алӣ ибни Абутолиб.
Порсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар форсӣ дар гузашта ин сохтор маъмул буд ва баъзеи он чунин аст:
- «Пур (ба маънои писар) + номи падар» (барои ифодаи номи нисбии писар ё мард) ба монанди: Пур Сино
Арабӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар забони арабӣ, баъзе аз онҳо чунин аст (Ибн ё Бин ба маънои писар ва Бинт ба маънои духтар, Аби ба маънои падар ва Умм ба маънои модар аст):
- «Номи шахсӣ + ибни (ё бин) + номи нисбии падар ё модар» (барои писар ё мард) ба монанди: Алӣ ибни Абӯтолиб.
- «Номи шахсӣ + ибни (ё Бен) + номи шахсии падар ё модар» (барои писар ё мард) ба монанди: Алӣ бин Ҳусейн
- «Номи шахсӣ + бинти + номи нисбии падар» (барои духтар ё зан)
- «Номи шахсӣ + бинти + номи шахсии падар» (барои духтар ё зан)
- «Абу + номи шахсии писари калонӣ ё духтари калонӣ» (барои марде, ки фарзанддор аст) ба монанди: Абу Толиб
- «Умм + номи шахсии писари калонӣ ё духтари калонӣ» (барои зане, ки фарзанддор аст)