Jump to content

Номувофиқии вазифаҳо дар ҶТ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Номувофиқии вазифаҳо дар ҶТ - Конститутсияи ҶТ номувофиқии вазифаҳоро нисбат ба узви Маҷлиси Миллӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ муқаррар кардааст (моддаи 50). Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонун муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси Миллӣ бошанд. Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси Миллӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагон бошад. Узви Маҷлиси Миллӣ наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндагӣ бошад. Вакили Маҷлиси Намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ ва мақоми худидораи маҳаллӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ. Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» (с.1999) номгӯи вазифаҳоеро, ки ба узви Маҷлиси Миллӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагон номувофиқанд, чанде васеътар нишон додааст (моддаҳои 33 ва 34).Дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» (с.1999) номгӯи васеи вазифаҳое муайян карда шудаанд, ки ишғоли онҳо барои вакил интихоб гардидан номувофиқанд. Баробари ин қонун муайян мекунад, ки онҳо ба шарте номзад ба вакили Маҷлиси маҳаллии дахлдор ба қайд гирифта мешавад, ки дар аризаи худ аз хусуси баъди вакил интихоб шудан аз вазифа рафтанашонро изҳор карда бошанд (моддаи 26).[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Номувофиқии вазифаҳо

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 353-354