Норберт Винер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Норберт Винер
англ. Norbert Wiener
Таърихи таваллуд 26 ноябр 1894(1894-11-26)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 18 март 1964(1964-03-18)[1][2][3][…] (69 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ риёзиёт ва кибернетика
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Josiah Royce[d] ва Karl Schmidt[d][5]
Шогирдон Raymond Paley[d][6]
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Но́рберт Ви́нер (англ. Norbert Wiener; 26 ноябр 1894[1][2][3][…], Колумбия[d], Миссури, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико[4]18 март 1964[1][2][3][…], Стокҳолм) — риёзидон ва файласуфи бузурги амрикоӣ, асосгузори кибернетика ва ҳуши маснӯъӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар синни 14-солагӣ математикаи олиро аз худ карда, дар синни 18-солагӣ доктори фалсафаи Донишгоҳи Гарвард (дар мантиқи математикӣ) шуд. Солҳои 1913—1915 таҳсилро дар донишгоҳҳои Кембриҷ ва Гёттинген идома дода, 1915—1917 дар як қатор донишгоҳҳои ИМА кор кард. Солҳои 1917—1919 ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғул буд. Аз соли 1919 омӯзгори Институти технологии Массачусетс (аз соли 1932 проф.). Таҳқиқоти ибтидоии Норберт Винер ба асосҳои математика бахшида шуда, корҳои илмӣ дар соҳаи таҳлили математикӣ ва назарияи эҳтимолият ӯро машҳури ҷаҳон гардонданд. Дар соҳаи таҳлили математикӣ назарияи умумии теоремаҳои таубериро ба вуҷуд овард ва онро бо теоремаи табдилоти Фурйе ва таҳлили умумкардашудаи гармоникӣ пайваст (1930), якҷо бо олими англис Р. Пэли таҳлили гармоникии функсияи тағйирёбандаи маҷмӯиро инкишоф дод. Интеграли абстрактии навъи лебегӣ аз рӯйи маҷмӯи фазои функсионалии беохир аз функсионалҳо, ки дар ҳамин маҷмӯъҳо муайян карда шудаанд, ба шарафи ӯ номгузорӣ шудааст. Норберт Винер назарияи нозуки равандҳои тасодуфиро эҷод намуда, дар фазои функсионалӣ ченаки эҳтимолиро дохил кард (1923), муаммои синтези тайфиро тасфия кард. Интегралҳои чандкаратаро аз рӯйи баъзе фазоҳо муайян ва зарурати онҳоро барои омӯзиши равандҳои тасодуфии ғайрихаттӣ исбот намуд. Дар назарияи нисбият ва назарияи квантӣ таҳқиқоти муҳим анҷом дод. Як қатор таҳқиқоти вай ба назарияи потенсиал бахшида шудаанд, ки барои он меъёрҳоро муайян кардааст (ин таҳқиқот ба шарафи ӯ номгузорӣ шудааст, 1924). Норберт Винер соли 1920 назарияи математикии ҳаракати броунӣ, теоремаи эргофизикавӣ ва новобаста ба А. Н. Колмогоров назарияи экстраполятсия ва назарияи «полоиш»-и равандҳои тасодуфии собитро кор карда баромад. Таҳқиқоти Норберт Винер дар соҳаи физиологияи математикӣ, техникаи ҳисоббарор (1939—1945), инчунин таҳқиқот дар Институти миллии кардиологӣ дар Мехико (ҳамроҳ бо А. Розенблюм, 1945—1947) анҷом дода шуда буданд, Норберт Винерро ба ғояи ташкили самти нави илмии кибернетика оварданд, ки онро вай чун илми ягона дар бораи идоракунӣ тасаввур мекард. Китоби «Кибернетика», ки бори аввал соли 1948 дар Порис чоп шуд, барои рушди илми ҷаҳонӣ таъсир гузоштааст.

Барандаи Медали Тилоии Олим (олитарин ҷоизаи олимон дар ИМА).

Соли 1967 дар ИМА Мукофоти ба номи Н. Винер таъсис дода шуд. Ба шарафи Норберт Винер дар Моҳ танӯра номгузорӣ шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]