Нормат Аҳмадалиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нормат Аҳмадалиев

Нормат Аҳмадалиев (тав. 10.10.1935, Душанбе) — зоотехник, доктори илмҳои кишоварзӣ (2000).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи ИХҚ Тоҷикистон (1960). Лаборанти калон (1960–63), ходими хурди илмӣ (1963–71), ходими калони илмӣ (1971–94), мудири шуъбаи селексия ва технологияи чорвои ширдеҳи Институти таҳқиқоти илмии чорводории АИ КТ (аз соли 1994).

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳмадалиев оид ба қобилияти мутобиқат, хусусиятҳои биологию хоҷагӣ ва технологияю селексионии зоти чорвои ширдеҳ дар шароити Тоҷикистон таҳқиқот анҷом додааст. Таҳти роҳбарии ӯ кормандони Институти таҳқиқоти илмии чорводорӣ навъи нави сермаҳсули чорво – зоти гови сиёҳалоро ба вуҷуд овардаанд (2001). Соҳиби таълифоти зиёд, аз ҷумла 3 китоб, 4 брошюра ва 5 тавсияву дастурамал мебошад. Аҳмадалиев бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр карда шудааст (1998).

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Сершир кардани модаговҳо дар иқлими гарм. Д., 1988;
  • Ос­новные этапы и итоги научных исследований по молочному скотоводству. Д., 2000;
  • Рекомендации по рациональному использованию чернопестрой породы для улучшения породных качеств и повышения продуктивности молочного скота у частных лиц предпринимателей. Д., 2002;
  • Типи тоҷикии говҳои зоти сиёҳало. Д., 2009.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]