Jump to content

Носир Ҳасанов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Носир Ҳасанов
Ҳасанов Носир Абдуллоевич
Таърихи таваллуд: 11 август 1935(1935-08-11)
Зодгоҳ: Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 20 феврал 2021(2021-02-20) (85 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша
IMDb: ID 4859999

Носир Ҳасанов (Ҳасанов Носир Абдуллоевич; 11 августи 1935, Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 20 феврали 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпеша ва коргардони театру синамои тоҷик. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1974), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1990).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Носир Ҳасанов 11 августи соли 1935 дар шаҳри Сталинобод, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст[1]. Дар соли 1960 Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи Маскавро хатм кардааст.

Ӯ тасодуфан ҳунарманд шуд, ҳангоми сайругашт бо дӯстонаш дар маркази шаҳр, аз назди Вазорати фарҳанг гузашта, Носир эълони дари вазоратро мушоҳида кард, ки дар бораи қабули довталабон ба Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийро буд ва ҳамин эълон роҳи ӯро дар зиндагӣ иваз кард[2].

Аз соли 1963 узви Итиҳодияи киноматографияи Тоҷикистон ва аз 1968 узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон буд[2].

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Носир Ҳасанов пас аз хатми Донишкадаи санъати театрии ба номи А. В. Луначарскии шаҳри Маскав як муддат дар театри Хуҷанд нақш офарид ва баъдан соли 1961 ба Театри Лоҳутӣ омад[3].

Носир Ҳасанов зиёда аз 50 нақши ҷолиб офаридааст. Нақшҳои ӯ асосан лирикию драмавиянд. Образҳои Маҳмад («Нурхон»-и К. Яшин, 1961), Раҳмат («Ҳукми модар», 1963) ва Хуршед («Ҳаёт ва ишқ»-и Ф. Ансорӣ, 1964), Карим («Хуррият» 1964) ва Масхарабоз («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло, 1967), Бобо Шодӣ (Дилҳои сӯзон"-и Ҷ. Икромӣ, 1967), Саша («Корвони бахт»-и М. Миршакар, 1970), Файзулло Хӯҷаев («Сарбозони Инқилоб»-и Ғ. Абдулло, 1970), Оқйигит («Шаби гирифтаи моҳ»-и М. Карим, 1972), Шокирхон («Зебуннисо»-и Ш. Қиёмов ва Ш. Мастон, 1977), Освалд («Шоҳ Лир»-и У. Шекспир, 1982), Муллоазим («Вопасин арӯси амиралмуъминин-и» Ф. Муҳаммадиев, 1983), Толибов («Дар чорсӯ»-и Н. Табаров, 1984), Загареский («Додаз дасти ақл»-и Н. Грибоедов, 1988) ва ғайра аз қобили беҳтариҳояд[1].

Носир Ҳасанов дар инкишофи санъати синамои тоҷик низ ҳиссагузорӣ карда, нақшҳои Сафархӯҷа («Бачаҳои Помир», 1967), Қарошир («Ниссо», 1966), Носир («Ҳасани аробакаш», 1966), Дадаҷон («Ҷӯра — саркор», 1970), Мудири анбор («Асрори оила»), 1984)-ро офаридааст[1].

Носир Ҳасанов 20 феврали соли 2021 дар синни 86-солагӣ даргузашт[2].

  1. 1.0 1.1 1.2 ​Ҳунарманди шинохтаи театр ва синамои тоҷик Носир Ҳасанов 85-сола шуд. www.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 22 феврали 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  2. 2.0 2.1 2.2 Носир Ҳасанов, ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷик даргузашт(тоҷ.). Sputnik Tajik. 22 феврали 2021 санҷида шуд.
  3. Носир Ҳасанов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 22 феврали 2021 санҷида шуд.
  • Ховари Абдулҳай. Носир Ҳасанов, Д., 2005.
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.