Jump to content

Ноҳияи Вобканд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Ноҳияи Вобканд
Кишвар  Ӯзбекистон
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1926
Масоҳат
  • 390 км²
Баландии марказ 235 м
Минтақаи замонӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 123 600 тан (2013)
vobkent.buxoro.uz
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Ноҳияи Вобканд (ӯзбекӣ: Vobkent tumani, Вобкент тумани) — ноҳия (туман) дар вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 29 сентябри 1926 таъсис ёфтааст.

Ноҳияи Вобканд аз ҷануб бо ноҳияи Бухоро, аз ғарб бо ноҳияҳои Пешку, Ромитан, аз шимол бо ноҳияи Шофирком ва аз шарқ бо вилояти Навоӣ ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 29 км2. Аҳолиаш 119 ҳазор нафар (2014), тоҷикон, ӯзбекҳо, инчунин русҳо, озарбойҷониҳо, тоторҳо ва дигар миллатҳо зиндагонӣ мекунанд.

Тақсимоти маъмурӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ноҳияи Вобканд як шаҳр (Вобканд), 2 шаҳрак (Харгӯш, Ширин) ва 11 ҷамоати деҳот (Имом Қозихон, Кумушкент, Пирмаст, Раҳкент, Хайработча, Халач, Харгӯш, Эҳсон, Янгикент, Қипчоқ, Қунғирот) мавҷуданд. Марказаш шаҳри Вобканд.

Ёдгориҳои таърихӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ёдгориҳои меъморӣ ва таърихӣ Манораи Вобканд (ш. Вобкент), мақбараи Чашмаи Аюб (дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Хайробод, 1208-12), Мадрасаи Абдулазизхон (асрҳои 15-16), Ҳаммоми Вобканд (асрҳои 16-17), Хонақоҳи Суфӣ Деҳқон (асрҳои 17-18) боқӣ мондаанд.

  • Ӯзбекистон миллий энциклопедияси. 2 жилд. Тошкент, 2001;
  • Дмитрий Пейдж. Бухара. Путеводитель по архитектурным и историческим достопримечательностям. Ташкент, 2013.