Jump to content

Ноҳияи Деҳқонобод (Ӯзбекистон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ноҳияи Деҳқонобод)
Ноҳияи Деҳқонобод (Ӯзбекистон)
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Карашина[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландӣ
1 284 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Ноҳияи Деҳқонобод (Ӯзбекистон) дар харита

Ноҳияи Деҳканобод (ӯзбекӣ: Dehqonobod tumani, Деҳқонобод туманӣ) — ноҳия дар вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон воқеъ аст, ки дар қисмати ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ ҷойгир аст. Маркази маъмурӣ — шаҳраки Карашин.

Аҳолии ноҳия (2023) тақрибан 156 963 ҳазор нафар.

Аз ҳудуди ноҳия роҳи автомобилгарди байналмилалии M39 бо дастрасӣ ба Тоҷикистон ва Афғонистон (2004-2007) сохта шуда буд, хатти роҳҳои оҳани Тошгузар - Бойсун - Қумқурғон, ки роҳи оҳани Қашқадарёро бо вилояти Сурхондарё пайваст кардаааст мегузарад. Хатти нави алоқаи нахӣ-оптикӣ дар байни Қаршӣ ва шаҳри Тирмиз низ тавассути ин ноҳия кашида шуда. Ғайр аз ин, «Ӯзбекэнерго» сохтмони хати баландшиддати интиқоли барқии 500 киловолтаи "Зеристгоҳи Сурхон" - "Зеристгоҳи Гузар" бо автотрансформатори АТ-2 дар зеристгоҳи Сурхан анҷом додааст.

Минтақа аз канданиҳои фоиданок бой аст, аз ҷумла доломит, гипс, нуриҳои калий (кони Тюбегатан, Корхонаи воҳиди нуриҳои калийноки минералӣ дар Деҳканобод Бойгонӣ шудааст 7 октябри 2024  сол.) ва ғайра.

Дар Деҳқонобод зиёда аз 100 мактабҳои таълими миёнаи умуми ва 3-то Мактаби Ихтисосонидаи Таълими Умумии Давлатӣ (узб-Ixtisoslashtirilgan Davlat Umumtalim Maktabi) аз ҷумла 69-МИТУД 70-МИТУД, 77-МИТУД фаолияти худро мебарад.Қариб 15-то аз ин мактабҳо дар забони тоҷики таълими миёнаи мактаби медиҳанд.Дар Деҳқонобод филиали мактаби президент вуҷуд дорад. Соҳаи тиббиёт ривоҷ ёфтааст ."Техникуми тиббиёти ба номи Абӯалӣ Ибни Сино" яке аз муассисаҳои таълимии пешрафтатарини Ӯзбекистон аст.