Нусратулло Юсуфбеков
Нусратулло Султонович Юсуфбеков | |
Таърихи таваллуд | 29 декабр 1954 |
Зодгоҳ | Панҷакент ҶШС Тоҷикистон |
Нусратулло Султонович Юсуфбеков - (Тав. 29 декабри соли 1954 шаҳри Панҷакент ) - табиб (ҷарроҳи асаб).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нусратулло Султонович Юсуфбеков 29 декабри соли 1954 дар Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1977 факултаи муолиҷавии Донишкадаи тиббии ба номи ибни Синои шаҳри Душанберо бо ихтисоси духтури муолиҷ хатм намуд. Муддати ду соли дигар таҳсилро идома дод ва дар бахши ҷарроҳии умумӣ интернатураро хатм кард. Аз соли 1978 то 1981 духтури ҷарроҳ. Сипас, аз соли 1981 муддати 8 сол ҷонишини сардухтур ва аз соли 1988 то соли 2004 сардухтури Беморхонаи марказии ҷумҳуриявӣ буд. Аз соли 2004 шуъбаи ҷарроҳии асабро дар ин бемористон сарварӣ мекунад.
Фаъолияти меҳнатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тӯли фаъолияти корӣ борҳо кӯшидааст малака ва дониши тиббии худро бо таҳсил дар курсҳои махсуси омӯзишӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Маскав, Алмаато, Новосибирск, Самарқанд, Институти ҷарроҳии асаби ба номи Н.Н.Бурденко такмил диҳад. Соли 1987 дар Конфронси умумииттифоқии ҷарроҳони асаб оид ба масъалаҳои ҷароҳати косахона ва мағзи сар иштирок намуд ва ин як нишасте буд, ки баҳсҳои гуногуни муолиҷаи ҷароҳатҳои асабиро ҷамъбаст мекард ва равишҳои навтарини табобати онҳоро муайян менамуд. Нусратулло Юсуфбеков, ҳамчунин, дар чандин хонишҳои поленовии Русия ширкат кардааст. Аз ҷумла, дар хонишҳои соли 2005, ки ба ифтихори 80-умин солгарди таваллуди пофессор Поленов баргузор шуда буд, иштирок дошт. Ду сол баъд шоҳиди баргузории хонишҳои дигари полиновӣ шуд, ки ба муносибати 150–солагии асабшиноси машҳури рус Владимир Бехтерев доир гардида буд. Худи ҳамон сол дар Конфронси умумирусиягии ҷарроҳии асаби атфол иштирок кард. Соли 2008 муддати се моҳ таҷрибаомӯзи Институти илмӣ-таҳқиқотии ҷарроҳии асаби Русия буд. Ҳамон сол, инчунин, дар Симпозиуми ҷарроҳии асаби Русия ва Ҷопон иштирок кард. Соли 2009 аз ҷумлаи ширкаткунандагони дувумин Форуми байналмилалии ҷарроҳии асаб дар шаҳри Маскав буд.
Нусратулло Юсуфбеков имрӯз дар кишвар аз ҷумлаи варзидатарин табибони соҳа шинохта мешавад. Забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, узбакӣ медонад. Гулпарварӣ, варзиш, мутолиаи китобҳои илмӣ ва бадеӣ аз дӯстдоштатарин шуғли ӯст.[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://tojnews.org/nusratullo-usufbekov Бойгонӣ шудааст 16 Январ 2013 сол. НУСРАТУЛЛО ЮСУФБЕКОВ