Нуқта
Зоҳир
Ну́қта (".") — аломати китобатӣ, ки дар навишт дар бисёри забонҳои ҷаҳон истифода мешавад.
Истифодабарӣ дар забони тоҷикӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар забони тоҷикӣ нуқта барои:
- тамом кардани ҷумла:
- Модарам нон пухт.
- кутоҳ кардани калимаҳо:
- ш. — шаҳр
- п.а.м — пеш аз мелод
- А. С. Пушкин — Александр Пушкин
истифода мешавад. Нуқтаро чун дигар аломатҳои китобат бо дигар аломатҳо ҷудо мекунанд.
Пайдоиш дар забони тоҷикӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Нуқта чун дигар аломатҳо ва ҳарфҳо ба забони тоҷикӣ аз забони русӣ омад.
Забонҳои Ҷанубу-шарқи Осиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар забони чинӣ ва ҷопонӣ, барои ҷудо кардани ҷумлаҳо доирача истифода мешавад: «。» (U+3002 «Ideographic Full Stop»).
Дар Деванагарӣ, ки ҳиндӣ, санскрит, маратхӣ ва дигар забонҳо дохил мешаванд, аз ба ҷойи нуқта хати рост («।») истифода мешавад (U+0964 «Devanagari Danda»).
Дар урду — («۔») (U+06D4).