Хусрави Анӯшервон
порсии миёна: husraw anōšag-ruwān | |
| |
23-вумин Шоҳаншоҳи Эрон
|
|
531 — 579 | |
Пешгузашта | Қубоди I |
Ҷонишин | Ҳурмузи IV |
|
|
Таваллуд |
501 |
Даргузашт |
579 |
Дудмон | Хонадони Сосон |
Падар | Қубоди I |
Модар | Невандухт |
Фарзандон | Ҳурмузи IV ва Нӯшзод[d] |
Эътиқод | маздаясно |
Навъи артиш | Сипоҳи Сосониён |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Хусрави I Анӯшервон (форсӣ: خسرو انوشیروان), Хусрави I (порсии миёна: husraw, xusrav {hwslwb’}), маъруф ба Хусрави Анӯшервони Додгар (Кисро Нӯшервон, Анӯшаравон; 501, Ардистон, Сосониён — 579, Тайсафун, Сосониён) — шоҳаншоҳи Соcонӣ (531—579), фарзанди Қубоди I. Ҳукумати худро дар Тайсафун оғоз кард. Фармонравоии Хусрав бо шӯришҳои дохилӣ оғоз шуд аммо вай муваффақ шуд онҳоро саркӯб кунад ва оромишро ба кишвар бозгардонад.
Ҳукмронӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мубориза барои тахту тоҷи падар бо бародаронаш бо ёрии Маҳбуди вазир ба пирӯзӣ расид. Дар замони подшоҳиаш бо давлати Рум ва дигар қабилаҳо ҷангида пирӯзиҳо ба даст даровардааст. Чунончи, дар соли 534 дар ҷанг бо румиҳо ғалаба кард ва тибқи аҳднома миёни ин ду давлат Рум чанд сол хироҷгузори Сосониён гардид. Соли 540 байни Сосониён ва Рум ҷанги навбатӣ даргирифт, соли 545 миёни ду тарафи ҷангкунанда мувофиқа эълон ва соли 561 сулҳи қатъӣ ба муддати панҷоҳ сол баста шуд. Дар ин ҷанг низ артиши Анӯшервон ғолиб омад. Анӯшервон бо туркҳо иттиҳод баста, қавмҳои ҳайтолиёнро шикаст дод ва соли 557 худи туркҳоро низ сахт саркӯб намуд. Соли 570 Анӯшервон марзҳои давлаташро то Яман густариш дод ва ҳабашҳоро берун ронд. Дар соли 576 бори дигар румиҳоро шикаст дод. Анӯшервон подшоҳи одил буд ва ба ӯ лақаби «Додгар»-ро додаанд. Дар баробари ҷангҳо Анӯшервон дар дохили кишвар ба хотири ободию осудагӣ ислоҳот гузаронд. Баъд аз баста шудани Академияи Афина ва ба таъқибот дучор гардидани ходимони он, Анӯшервон 7 тан аз файласуфони Юнонро ба дарбори худ пазируфт.
Анӯшервон дар адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Анӯшервон, симои (образи) шоҳи ормонӣ, одилу раиятпарвар дар адабиёти паҳлавӣ, адабиёти асрҳои миёнаи форс-тоҷик (адабиёти классикии форс-тоҷик), таърихҳои исломӣ (ба забони арабӣ ва форсии тоҷикӣ таълифшуда) ва ғайра ба шумор меравад.
Зардуштияи рошидӣ (дини давлатӣ дар замони Сосониён), осори диние, ки ба забони форсии миёна (паҳлавӣ) иншо шудаанд, қадру манзалати Анӯшервонро баланд бардоштанд. Ҳамин анъана дар давраҳои баъдина вобаста ба шароити нави иҷтимою сиёсӣ идома ёфта, ба рангу мазмунҳои дигар зуҳур кардааст. Баъд аз тарҷумаи осори паҳлавӣ ба забони арабӣ Анӯшервон чун шахси таърихӣ ва шоҳи ормонӣ ба асарҳои таърихнависони исломӣ дохил гардид. Дар шакли нисбатан комил симои Анӯшервон дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ тасвир ёфтааст ва, бешубҳа, сарчашмаи асосии густариши он дар адаби форсии тоҷикӣ ҳамин асар ба шумор меравад. Мувофиқи ривоятҳову достонҳои дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омада, Анӯшервон ба ҷойи падараш нишаста раиятпарвариро пеш гирифт. Дар маросими ба тахт нишастан сардорону ҳокимони кишварашро панд дода, онҳоро ба роҳи адолат ҳидоят намуд. Вай ислоҳоти зиёде дар сиёсати боҷу хироҷ, корҳои сипоҳдорӣ, беҳсозии зиндагиву кори сипоҳиён ва ғайра ба сомон расонд. Фирдавсӣ аз кишваркушоиҳои Анӯшервон, набардҳои ӯ бо румиён, ҷангҳояш бо ҳайтолиён ва Хоқони Чин қисса менамояд. Дар аҳди Анӯшервон шоҳмот (шатранҷ) аз Ҳинд ба Эрон оварда шуд ва сирри ин бозиро Бузургмеҳр — вазири Анӯшервон ошкор сохт. Ба дарбори Анӯшервон роҳ ёфтани Бузургмеҳр худ як достонест вобаста ба кору фаъолияти Анӯшервон.
Шогирдписаре аз Марв, донандаи Авестову Занд — Бузургмеҳр ба дарбор омада таъбири хоби Анӯшервонро мегӯяд ва ба хидмати дарбор пазируфта шуда, ба мансаби вазирӣ мерасад. Дар «Шоҳнома» инчунин аз қасди ҷони Анӯшервон кардани писараш Нӯшзод сухан рафтааст. Ривоятҳои Фирдавсӣ, ҳикоятҳои осори таърихӣ ва нақлу достонҳои халқӣ боиси боз ҳам васеътар роҳ ёфтани қиссаи Анӯшервон ба адабиёти форс-тоҷик гардид. Масалан, дар «Махзану-л-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ барои ифодаи ақидаҳои адолату додхоҳӣ дар бораи Анӯшервон якчанд ҳикоят оварда шудаанд. Ин равия дар чанде аз достонҳои манзуму мансури намояндагони адабиёти классикии форс-тоҷик идома ёфтааст. Дар асарҳои пандуахлоқӣ низ қиссаи Анӯшервон дарҷ гардидааст. Масалан, муаллифи «Қобуснома» Унсурулмаолии Кайковус, ки шаҷараи авлоди худро аз Анӯшервон медонист, дар боби 8-уми асараш пандҳои Анӯшервони Одилро меорад, ки гӯё онҳо дар дахмаи ӯ ба забони паҳлавӣ сабт гардида буданд. Қиссаи Анӯшервон ба эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ва халқҳои дигари Шарқ роҳ ёфтааст. Дар бораи Анӯшервон афсонаҳо, нақлу ривоятҳо, ҳикоятҳои хурди пандуахлоқӣ, латифаҳо ва ғайра офарида шудаанд. Дар адабиёти форс-тоҷик Анӯшервон намунаи додгарӣ, раиятпарварӣ мебошад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бузургмеҳр (вазири машҳури Анӯшервон)
- Донишгоҳи Гундишопур
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анӯшервон / М. Диловаров // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Абдулқосими Фирдавсӣ, Шоҳнома, ҷ. 8, Д., 2008.
- Дашков С. Б. Цари царей — Сасаниды. История Ирана III—VII вв. в легендах, исторических хрониках и современных исследованиях. — М.: СМИ-АЗИЯ, 2008. — 352 с. — 4000 экз. — ISBN 978-5-91660-001-8.
- Zeev Rubin. The Reforms of Khusro Anurshiwan. / Averil Cameron (ed.). The Byzantine and early Islamic Near East. — Vol. 3. — Princeton 1995. — P. 227—298.