Нaбӣ Фахрӣ
Нaбӣ Фахриев | |
Таърихи таваллуд | 1907 |
Зодгоҳ | Конибодом |
Таърихи даргузашт | 1942 |
Шаҳрвандӣ | Иттиҳоди Шӯравӣ |
Пеша | рӯзноманигор |
Нaбӣ Фахрӣ (Нaбӣ Фахриев; 1907, Конибодом — 1942, Ӯш, ҶШС Қирғизистон) — аз аввалин рӯзноманигорони тоҷик. Узви КПСС аз соли 1930.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нaбӣ Фахрӣ дар соли 1907 дар шаҳри Конибодом дар хонаводаи нонвой ба дунё омадааст.Соли 1924 ба Дорулмуаллимини шаҳри Тошкент дохил шуд.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1927 дар зодгоҳаш муаллими забон ва адабиёт буд. Дар газетаи «Овози тоҷик» ва маҷаллаи «Мулло Мушфиқи» мақолаву очерк, ва фелетонҳои Набӣ Фахрӣ мунтазам дарҷ меёфтанд. Аз соли 1929 пурра ба кори рӯзноманигорӣ гузашт. Дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик» (1929—1931), «Болшевики Конибодом» (1932—1935) ва «Тоҷикистони сурх» (1936—1942) дар вазифаҳои гуногун кор кард. Соли 1931 дар панҷ шумораи «Овози тоҷик» силсилаи мақолаҳои ӯ таҳти унвони «Сабзаи навхез» чоп шуд, ки муаллиф ба маҷмӯаи коллективии аввалин шоирони советии тоҷик баҳо додааст.
Ӯ дар анҷуманҳои 1-ум ва 2-юми мухбирони коргару деҳқони ҷумҳурии шуравии Тоҷикистон ва дар аввалин анҷумани адибони тоҷик вакил буд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо Грамотаи Президиуми Совети Олил ҶШС Тоҷикистон дар соли сарфароз шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.