Jump to content

Овоздиҳии бавосита

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Овоздиҳии бавосита - яке аз усулҳои интихоботӣ буда, дар Конститутсия ва қонунҳо оид ба интихобот муқаррар карда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд, ки ҳуқуқи интихоботии худро ба тарзи овоздиҳии бавосита амалӣ гардонанд. Ин тарзи овоздиҳӣ интихоботи бисёрзинагӣ номида мешавад. Дар интихоботи бисёрзинагӣ одатан фақат зинаҳои поёнии мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ аз тарафи интихобкунандагон мустақиман интихоб карда мешаванд. Зинаҳои болоӣ ва олии мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ бошанд, аз тарафи вакилони мақомоти поёнӣ пешбарӣ ва интихоб карда мешаванд. Масалан, аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботи бавосита аз тарафи вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо бо овоздиҳии пинҳонӣ пешбарӣ ва интихоб карда мешаванд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 357

А 358