Оге Нилс Бор
дан. Aage Niels Bohr | |
Таърихи таваллуд | 19 июн 1922[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 8 сентябр 2009[4][5][6][…] (87 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физики ҳастаӣ[d] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Нилс Бор |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Оге Нилс Бор (дан. Aage Niels Bohr; 19 июн 1922[1][2][3][…], Копенҳаген[7] — 8 сентябр 2009[4][5][6][…], Копенҳаген[7][8]) — физикдони донморкӣ, яке аз муаллифони модели коллективи (умумиятдодашуда)-и ҳаста, профессор (1956), узви Академияи шоҳии Дания (1955).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар оилаи Маргарет ва Нилс Бор таваллуд шуда, дар байни физикҳои машҳур В. Паули ва В. Ҳайзенберг ба воя расидааст. Соли 1940 баъди чанд моҳи ишғоли Дания аз ҷониби Олмони фашистӣ ба Донишгоҳи Копенгаген дохил шуд. Соли 1943 бо қувваҳои муқобилат ба Англия гурезонида шуд. Чун ёвари Н. Бор дар коркарди лоиҳаи атом иштирок кардааст. Солҳои 1944-45 корманди Лабораторияи миллии Лос-Аламос (ИМА) буд. Соли 1945 ба Дания баргашта, омӯзишро давом дод ва ба дараҷаи магистр расид. Аз соли 1946 корманди Институти физикаи назариявии Нилс Бор. Дар донишгоҳҳои Принстон ва Колумбия таҷриба омӯхтааст. Дар он ҷо бо Ҷ. Рейнуотер ва Оге Нилс Бор Моттелсон кор кард. Кори якҷои онҳо дар ибтидои солҳои 50 асри 20 барои инкишоф додани, ба истилоҳ, «модели коллективи (умумиятдодашуда)-и ҳаста» имкон дод. Соли 1958 якҷо бо Д. Пайнс модели фавқулҷоришавии ҳастаро пешниҳод карда, имкони мавҷудияти фавқулҷоришавии адронҳоро дар ҳастаҳо тахмин намуд. Якҷоя бо Моттелсон ва Рейнуотер «барои кашфи робитаи мутақобилаи байни ҳаракати коллективӣ ва ҳаракати зарраи алоҳида дар ҳастаи атом ва инкишофи ҳастаи атом, ки аз ҳамин робитаи мутақобила бармеояд» сазовори мукофоти Нобел гардид (1975). Дар баробари кор дар Институти Бор дар Донишгоҳи Копенгаген дарс мегуфт. Директори Институти Бор (1962-70), аз соли 1957 дар роҳбарияти Институти физикаи атомии назариявӣ кор кард ва солҳои 1975-81 директори он буд. Сипас, то охири умр омӯзгорӣ мекард. Узви чанде аз академияҳои ҷаҳон буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 CHANG K. Aage Bohr, Physicist’s Son Who Won Nobel, Dies at 87 (ингл.) // The New York Times / J. Kahn — Manhattan: New York Times Company, A. G. Sulzberger, 2009. — ed. size: 443000 — ISSN 0362-4331; 1553-8095; 1542-667X
- ↑ 2.0 2.1 Aage Bohr (ингл.) // The Daily Telegraph / C. Evans — London: 2009. — ISSN 0307-1235; 1477-3805
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Bell A. Aage N. Bohr - DANISH PHYSICIST (ингл.брит) — Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
- ↑ 4.0 4.1 Life In Legacy - Week ending Saturday, September 12, 2009
- ↑ 5.0 5.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 6.0 6.1 Bibliothèque nationale de France Aage Bohr (1922-2009) (фр.) — 2011.
- ↑ 7.0 7.1 7.2 7.3 Nobel Laureate Aage Bohr has died — University of Copenhagen Niels Bohr Institute, 2009.
- ↑ 8.0 8.1 PIRE B. BOHR AAGE - (1922-2009) (фр.) — Encyclopædia Britannica, 1968.
- ↑ Bell A. Nobel Prize winners by category (physics) (ингл.брит) — Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
- ↑ 10.0 10.1 10.2 Nobelpristageren Aage Bohr er død (дат.) // Berlingske — Berlingske Media, 2009. — ISSN 0106-4223
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бор Оге Нилс / Н. Салимов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 19 июн
- Зодагони соли 1922
- Зодагони Копенҳаген
- Даргузаштагони 8 сентябр
- Даргузаштагони соли 2009
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши физика
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо