Ода Набунага

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ода Набунага
ҷопонӣ: 織田 信長
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд ҷопонӣ: 吉法師
Таърихи таваллуд 23 июн 1534
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 21 июн 1582[1] (47 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша daimyo, сарлашкар
Падар Oda Nobuhide[d]
Модар Dota Gozen[d]
Ҳамсар Nō-hime[d], Kitsuno[d], Kōun-in[d], Q17224750?, Q17209286?, Q109120514?, Q109123196?, Q17212257?, Q17224406?, Q109123248?, Harada Naoko[d], Yutsumaki[d] ва Q109177237?
Фарзанд Oda Nobutada[d], Oda Nobukatsu[d], Oda Nobutaka[d], Hashiba Hidekatsu[d], Oda Katsunaga[d], Toku-hime[d], Fuyu-hime[d], Tsuru-hime[d], Oda Nobutaka[d], Ofuri[d], Oda Nobuyoshi[d], Ei-hime[d], Genko-in[d], Getsumyoin[d], Nobuhide Oda[d], Nobusada Oda[d], Nobuyoshi Oda[d], Nagatsugu Oda[d], Oda Nobumasa[d], Oda Hideko[d], Q17230193?, Sannomarudono[d] ва Jigen-in[d]
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ода Набунага - (23 июни 1534 — 21 июни 1582) — пешвои сиёсиву низомии Ҷопон дар давраи Сэнгоку, яке аз барҷастатарин самурайҳои таърихи халқи ҷопон, ки ҳаёташро барои мутаҳидшавии кишвар бахшидааст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Зарурати муттаҳид кардани мамлакат дар садаи XVI ба миён омада буд. Ин корро танҳо ашрофони калони бо мадади лашкарҳои самурайҳо ва дастгирии шаҳрҳо такя мекардагӣ иҷро карда метавонистанд. Чунин шахс дар байни ашрофони ҷопонӣ - Ода Набунага буд. Ӯ аввалин шуда, барои муттаҳид сохтани Ҷопон якчанд ҳокими соҳибистиклолро торумор карда, худи сёгунро низ аз ҳокимият маҳрум сохт.

Набунага аз ҳисоби самурайҳо ва дехқонон дастаи пурзӯре ташкил намуда, онро бо силоҳи оташфишони хориҷӣ мусаллаҳ намуд. Ба Набунага муяссар шуд, ки артишҳои ҳокимони саркашро торумор намуда, дар Ҷопон ҳокимияти диктаторӣ ҷорӣ кунад. Ҳокимияти диктатории ӯ аз соли 1568 то соли 1582 давом кард. Набунага барои пешрафти тиҷорат кӯшиши зиёд сарф намуд. Савдоро дар тамоми Ҷопон озод ва сарҳадҳои гумрукии дохилиро бекор кард. Дар мамлакат роҳҳои бисёр сохт ва усули ҷамъовари андозро ба низом даровард. 29 май 1582 Набунага дар Киото ба ищотаи душманон афтода худкушь кардааст. Набунага барои муттаҳид сохтани Ҷопонкорашро ба охир нарасонид. Кори Набунагаро ҳамсафони ӯ Тайетоми Хидзеси ва Иеясу Токугава давом доданд.[2]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Инчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]